[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОНÓМИЯ (от юн. аеr – ҳаво ва nomos – қонун), фасли илм дар бораи қабатҳои болоии атмосфера, ки табиат ва механизми ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои гуногунро меомӯзад. Аэрономия ба вақт вобаста будани ин ҳодисаҳо ва пайдоиши онҳоро дар рӯйи сайёра дар асоси омӯзиши равандҳои содатарини физикавию кимиёӣ дар газҳо ва плазмаи қисман иондоршуда маънидод мекунад. Дар аэрономия ҳолатҳои ғайримувозинатӣ бо муодилаҳои кинетика тавсиф дода мешаванд, ки тавозуни зарраҳои инъикоскунанда, энергияю миқдори ҳаракатро инъикос мекунанд, инчунин барои тавсифи ҳаракат ва мавҷҳо гидродинамика, динамикаи газҳои тунук ва гидродинамикаи магнитиро истифода мебарад. Яке аз масъалаҳои муҳимми аэрономия муайян кардани равандҳои содатарин дар баландиҳои гуногун, омӯзиши сохтори қабатҳои болоии атмосфера, ионосфера ва магнитосфера мебошад. Дар ибтидо аэрономия табиати қабати озонӣ ва сарҳадди байни гомосфера ва гетеросфераро меомӯхт. Бисёр масъалаҳои аэрономия ба туфайли андозагириҳо бо мушак ва радифҳо дар қабатҳои болоии атмосфера, таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ ҷиҳати омӯзиши таъсири мутақобилаи зарраҳои нейтралӣ ва заряднок, масалан, бархурдҳо (реаксияҳо)-и ионию молекулавӣ, таъсири мутақобила бо зарраҳои баландэнергия, равандҳои плазмавӣ ва ғ. ҳал карда шудаанд. Аэрономия механизми таъсири фаъоли Офтобро ба ҳодисаҳои қабатҳои болоии атмосфера, ионосфера, майдони фаъоли радио вобаста медонад. Таҳияи усулҳои пешгӯии обу ҳаво дар коинот, яъне шароитҳои фазои кайҳонии наздизаминӣ, яке аз вазифаҳои аэрономия ба шумор меравад.

Адабиёт

вироиш