Аэростатика
Этой статье нужно больше ссылок на другие статьи для интеграции в энциклопедию. |
[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]
АЭРОСТÁТИКА (аз аэро… ва статика), фасли ҳидроаэромеханика, ки мувозинати муҳитҳои газӣ, асосан атмосфераро меомӯзад. Намуди асосии муҳити газӣ ҳавои атмосфера мебошад. Ҳаво чун моеъ ва ҷисмҳои сахт зери таъсири қувваи вазнинӣ буда, ба сатҳи Замин фишор меоварад. Бар хилофи таъсири қувваи вазнинӣ қобилияти ба ҳама газҳо хос – васеъшавӣ дорад ва ҳатталимкон ҳаҷми калонро ишғол мекунад, яъне ҳаво чандир аст. Ин хусусияти ҳаво боиси камшавии зичии он дар қабатҳои болоии атмосфера мегардад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳаҷми ҳавои массааш муайян ба чандириаш мутаносиби чаппа аст. Таҳти фишори 2, 3…, 10 атм. ҳамон як миқдори ҳаво (назар ба фишори 1 атм.) мутаносибан ҳаҷми 2, 3…, 10 баробар камро ишғол мекунад. Яъне, агар фишори газ якчанд баробар кам шавад, ҳаҷми газ ҳамон қадар бузург мешавад (қонуни Бойл–Мариотт). Асбобҳое, ки фишор ё чандирии ҳаворо меомӯзанд, монометр номида мешаванд. Вазифаи асосии аэростатика омӯзиши фишори атмосферӣ дар баландиҳои гуногун ва қувваи болобардорест, ки ба ҷисми дар ҳаво шинокунанда таъсир мекунад. Аэростатика дар омӯзиши мувозинати атмосфера ва дар назарияи ҳавопаймоӣ васеъ истифода мешавад.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.