Аэрофагия
Аэрофагия (аз аэро… ва юн. phaqos — хӯранда) — ҳангоми истеъмоли ғизо аз миқдори муқаррарӣ зиёдтар фурӯ бурдани ҳаво. Бо шитоб тановул кардани хӯрок, истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшидани газдор (оби газдор, пиво) ва ғ. боиси бо ҳаво пур шудани меъда мегардад. Дар натиҷа дар сари дил ҳисси нофораму вазнинӣ пайдо шуда, шахс оруғ мезанад. Ҳангоми муттасил вайрон кардани тартиби истеъмоли хӯрок аэрофагия метавонад доимӣ шавад. Аэрофагия боиси дард кардани мавзеи дил ва хурӯҷи нафастангӣ мешавад. Барои пешгирии аэрофагия ба тартиби истеъмоли хӯрок риоя бояд кард; хӯрокро зуд-зуд, кам ва бешитоб хӯрдан лозим аст. Аз истеъмоли нӯшиданиҳои газдор худдорӣ бояд кард. Дар мавриди бисёр такрор ёфтани аэрофагия ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Аэрофагия дар кӯдакони навзод бинобар номукаммалии кори узвҳои ҳозима, инчунин макидани пистонаки холӣ ё синаи камшир ба вуҷуд меояд. Аломатҳои аэрофагия чунинанд: дар вақти макондан гиря кардани кӯдак, дамиши шикам, аз сина рӯ тофтани тифл, қай кардани шири макида (баъзан чун «фаввора»). Дар мавриди пайдоиши аломатҳои аэрофагия пистонро аз даҳони кӯдак бароварда, ӯро рост доштан лозим аст (баъд аз оруғ задан кӯдак ором мешавад). Ҳангоми зуд-зуд рух намудани аломатҳои аэрофагия дар кӯдаки ширмак бояд ба табиби бачагона муроҷиат кард.
Аэрофагия |
---|
МКБ-10 | F45.3 |
---|---|
МКБ-9 | 306.4 |
eMedicine | / |
MeSH | D000334 |
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Руководство по гастроэнтерологии. Т. 1, Москва, 2001.
Сарчашма
вироиш- Аэрофагия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.