Ақаллияти миллӣ, ақаллияти этникӣ (англ. Ethnic minority) — шакли умумияти миллию этникӣ, ки дар ҳолати ҷудо гаштани қисм ё гурӯҳе бар асари тағйири сарҳад, муҳоҷирати ихтиёрӣ ё муҳоҷирати маҷбурӣ ба амал омадааст. Ақаллияти миллӣ аз воҳиди давлатию миллӣ бенасибанд, онҳоро бо мафҳуми «халқҳои хурд» набояд ҳаммаъно донист, зеро онҳо қисми халқҳое мебошанд, ки воқеан дар ҳудуди мамлакати дигар зиндагӣ дошта, соҳиби шакли давлатдории миллии хеш мебошанд. Аҳолии таҳҷоии камшумори мамлакатҳои гуногун (масалан ҳиндуҳои Америка) ҳам ақаллияти миллӣ ба шумор намераванд, чунки дар ҳудуди этникии худ зиндагӣ намуда, воҳиди маъмурию сиёсӣ ва миллии дигар надоранд, одатан ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳо эътироф гардидаанд, ба сифати умумияти давлатофарин дар доираи муносибатҳои минтақавӣ ё сатҳи локалӣ пазируфта шудаанд. Шумора аломати фарқкунандаи ақаллияти миллӣ нест, як қисм аз миллион нафар зиёдаанд, гурӯҳе аз чанд ҳазор беш нестанд. Дар шароити давлати мутамаддин ақаллияти миллӣ барои ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсис дода, мекӯшанд ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд, ҳарчанд ин иттиҳодияҳо аксаран ҷанбаи фарҳангӣ доранд. Дар баъзе мавридҳо онҳо аз доираи ваколатҳои худ берун баромада, ба масоили сиёсию ҷамъиятӣ даст мезананд, намояндагони худро ба мақомоти давлатию қонунбарор сафарбар намуда, ба воситаи онҳо барои ҳалли масъалаҳо талош меварзанд. Намояндагони ақаллияти миллӣ ҳамчун шаҳрванд ҳақ доранд дар шакли инфиродӣ ва ҳам дастаҷамъӣ бевосита ва пайваста дар равандҳои ҳокимиятӣ ва шаклҳои дигари корҳои давлатӣ иштирок намоянд, аммо мансубият ба ақаллияти миллӣ ҳеч гоҳ онҳоро дорои ҳуқуқҳои фавқулода намегардонад. Давлатҳои миллӣ наметавонанд аксарият ва ақаллиятро дар як сатҳ нигоҳ доранд. Миллате, ки бо номаш давлат муаррифӣ мегардад, яъне миллати давлатофарин наметавонад ақаллияти миллиро дар баробари худ эътироф кунад. Дар акси ҳол давлати миллӣ моҳият ва мазмунашро гум менамояд. Умуман, муносибатҳои байниҳамдигарии миллати асосӣ ва Ақаллияти миллӣ аз сатҳи тамаддун ва гуманизми миллати давлатофарин вобаста аст. Дар сиёсати ҷаҳонӣ муносибат бо ақаллияти миллӣ асосан дар доираи «Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ тааллуқ доранд», ки комиссия оид ба ҳуқуқи инсони СММ соли 1992 ва «Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳимояи ақаллиятҳои миллӣ», ки Шӯрои Европа соли 1994 қабул кардааст, муайян карда мешавад.

Акалияти милли чист

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Абдулатипов Р. Г., Национальный вопрос и государственное устройство России, М., 2000;
  • Национальные меньшинства Таджикистана: проблемы и перспективы, Д., 2002.

Сарчашма

вироиш