Ақидаи махсуси судя
Ақидаи махсуси судя - ҳамаи масьалаҳоеро, ки дар вақти дида баромадани парванда ба миён меоянд, судяҳо аз рӯи аксарияти овозҳо ҳал мекунанд. Дар вақти ҳалли масъала ҳеч яке аз судяҳо ҳақ надорад, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ кунад. Судяе, ки бо қарори аксарият розӣ нест, метавонад фикри махсуси худро ба тариқи хаттӣ баён кунад. Фикри махсуси судя ба маводи парванда замима карда мешавад. Вале дар толори маҷлиси суд эълон карда намешавад. Дар мавриде. ки парванда бо фикри махсуси судя ба суди болоӣ ба тариқи касатсионӣ, аз рӯи шикоят ё эътироз фиристода нашавад, он гоҳ ваӣ барои ба тариқи назоратӣ санҷидан ба раиси суди болоӣ фиристода мешавад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.35