Аҳáд (ар. أحد‎ – як, воҳид) — дар мусиқӣ овози баланду шиддатноки тори панҷуми барбат, ки дараҷаи муайяни баландӣ дорад. Аҳад баъди такмили барбат ба сифати тори панҷум ба он илова шудааст (асрҳои 9–10). Бино ба маълумоти маъхазҳои мусиқӣ ин торро Форобӣ ба барбат илова карда, меъёри садодиҳии онро аз рӯйи зинаҳои қаторовози диатоникӣ ба 4–5 зинаи дигар васеъ намудааст. Тори аҳад дар таркиби барбат то асрҳои 15–16 вуҷуд дошта, баъди такмил ёфтану маъмул шудани шакли дигари барбат (уд) мақомаш аз миён рафт.

Истилоҳи «Аҳад» дар осори хаттии мусиқии форс-тоҷик дар шакли «ҳад» низ омадааст, ки чанде аз мусиқидонон онро ба маънии «тезӣ, баландӣ» низ шарҳ додаанд.

Сарчашма

вироиш