Аҳвоз
Аҳвоз (форсӣ: اهواز — Ahvâz, ар. الأهواز — al-Ahwāz) — шаҳр дар ҷанубу ғарбии Эрон, маркази маъмурии устони Хӯзистон, бандари дарёи Корун. Аҳолӣ — 1 112 021 нафар[2]
Шаҳр | |
---|---|
форсӣ: اهواز | |
![]() | |
Кишвар | Эрон |
Координатаҳо | 31°19′13″ с. ш. 48°40′09″ в. д.HGЯO |
Номи қавмӣ | ахва́зец, ахва́зцы[1] |
Коди телефон | 0611 |
Сайти расмӣ | ahvaz.ir |

Ҷуғрофиё ва аҳолӣ Вироиш
Аҳолиаш наздики 1,4 млн. нафар (2010). Маркази роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва аэропорт дорад.
Таърих Вироиш
Аҳвоз дар садаҳои V–IV то милод Оксин, дар замони Ҳахоманишиҳо Аваз ё Аваҷа ном дошт. Дар аҳди Сосониён Ҳурмузд – Ардашер (ба шарафи шоҳ Ардашери I) ном гирифта, садаҳои III–VII маркази тиҷорат ва киштигардии дарёӣ буд. Соли 638 ба Аҳвоз арабҳо соҳиб шуда, онро «Суқ-ул-Ахвоза» – «бозори хузиён» номиданд. Асрҳои 7–13 дар Аҳвоз шоҳибофӣ тараққӣ кард. Аҳвозро чандин бор арабҳо ва кӯчиёни Осиёи Миёна забту ғорат ва махсусан корезу шабакаҳои обёрии онро хароб карданд ва ин сабаби таназзули шаҳр гардид.
Имрузи Аҳвоз Вироиш
Дар садаи XIX Аҳвоз аз нав эҳё шуд. Тараққиёти минбаъдаи Аҳвозро кашфи кони нафт (1908) муайян кард ва он чун маркази саноати нафти Эрон хеле пеш рафт. Лӯлаҳои интиқоли нафтӣ то маконҳои тавлидоти он (Ободон, Исфаҳон, Теҳрон) кашидашуда аз Аҳвоз мегузаранд. Коргоҳҳои саноати пӯлодгудозӣ, кимиё, нассоҷӣ, хӯрокворӣ дорад. Дар Аҳвоз донишгоҳҳои тиббӣ, нафтию техникӣ, инчунин Донишгоҳи Шаҳид Чамрон фаъолият мекунанд. Маркази маъмурию саноатии Аҳвоз дар соҳили рост ва қисми аҳолинишини он дар соҳили чапи дарёи Корун ҷой гирифтаанд.
Сарчашма Вироиш
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.