Аҳди бисёртарафа - барои аҳдҳои бисёртарафа иродаи аз ду тараф зиёд зарур аст. Масалан, мувофиқи шартномаи фаъолияти якчоя (шартномаи ширкати одӣ) ду ё ашхоси зиёда аз он уҳдадор мешаванд, ки ҳиссаҳои худро муттаҳид намуда, якҷоя барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба мақсадҳои дигар, ки хилофи қонун набошад, амал намоянд. Масалан, якчанд шахсони юридикӣ уҳдадор мешаванд, якҷоя комплекси сайёҳиро созанд. Дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ чунин аҳдҳо зиёд нестанд. Дар аҳдҳои бисёртарафа иродаи иштирокчиён барои ноил шудан ба мақсади умумӣ равона карда шудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.67-68