Аҳди дутарафа
Аҳди дутарафа - аҳде мебошад, ки барои содир намудан, бастани он иродаи мувофиқшудаи ду тараф зарур аст. Чунин аҳдҳоро созишнома меноманд. Дар чунин аҳдҳо манфиати ду тараф ба назар гирифта мешавад. Масалан, барои бастани шартномаи боркашонӣ розигии ду тараф - борфиристонанда ва боркашон зарур аст. Дар аҳдҳои дутарафа миқдори тарафҳо ва миқдори иштирокчиён фарқ карда мешавад. Дар аҳдҳои дутарафа ҳама вақт иродаи ду тараф зарур аст, аммо иштирокчиён дар ду тараф ва ё як тараф мумкин зиёд бошанд. Аксар шартномаҳои шаҳрвандӣ характери дутарафаро доранд.[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.68