Аҳдномáи никóҳ — созишномаи шахсоне, ки из­дивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар, ки ҳуқуқ ба  ам­вол ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд[1].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

вироиш

Аҳдномаи никоҳ мафҳуми нав аст ва он аввалин бор дар Кодекси оилаи ҶТ дохил шудааст. Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имкон пайдо мекунанд, ки ҳуқуқҳои амволии худро дар давраи зиндагии якҷо ва мавриди бекор шудани никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд. Аҳдномаи никоҳ аз рӯйи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа мебошад. Дар он ду тараф – шахсоне, ки нияти ба никоҳ даромадан доранд, ё ин ки зану шавҳаре, ки дар никоҳи расмӣ ҳастанд иштирок менамоянд. Яъне дар қонун субъектҳои (та­рафҳои) аҳдномаи никоҳ махсус нишон дода шудааст. Мард ва зане, ки ба таври воқеӣ бе қайди давлатии никоҳ зиндагӣ доранд ва дар оянда нияти ба расмият даровардани ни­коҳашонро, ҳамон тавр ки Кодекси оилаи ҶТ пешбинӣ намудааст, надошта бошанд, аҳдномаи никоҳ баста наметавонанд. Ин ҳолат вобаста ба он аст, ки асоси аҳдномаи никоҳ молу мулки якҷояи зану шавҳар ё амволи дар оянда бадастмеовардаи онҳо мебошад. Ғайр аз ин, муносибатҳои амволии шахсони дар никоҳи воқеӣ буда, танҳо дар асоси қонунгузо­рии граж­данӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ҳолати набастани аҳдномаи никоҳ муносибатҳои амволии зану шавҳари дар никоҳи расмӣ буда, дар асоси талаботи Кодекси оилаи ҶТ (мод­даҳои 34–39) ба танзим дароварда мешавад. Ҳангоми бас­тани аҳдномаи никоҳ баҳсҳои нисбат ба он пайдошуда аз тариқи қо­нунгузории оила ва ҳам қонунгузории шаҳр­вандӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Аҳдномаи никоҳ яке аз навъҳои аҳд ва қонунгузорӣ барои ҳам­са­рони оянда мебошад, ки ҳамсарон дар давраи никоҳ ҳу­қуқи мустақилонаи худро муайян месозанд, лекин дар ай­ни замон онҳоро барои бастани ин навъи аҳд уҳдадор намекунад. Аҳдномаи никоҳ танҳо дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад. Ин аҳднома ба шуъбаи нотариус пешниҳод мешавад. Мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» (моддаи 39) сарнотариусҳои давлатӣ, нота­ри­усҳои калони давлатӣ дар идораҳои нотариалии дав­ла­тӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, аҳдномаи никоҳро яке аз онҳо бо иштироки ҳатмии тарафҳо тасдиқ менамоянд.

Адабиёт

вироиш
  • Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2011
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009.

Сарчашма

вироиш