Аҳдшиканӣ
Аҳдшиканӣ, паймоншиканӣ —дар илми ҳуқуқшиносӣ аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки шахс, гурӯҳи мардум ё давлате душман ё мухолифинро моил ва ё маҷбур ба бовар мекунонад.
Навъҳои аҳдшиканӣ
вироишНавъҳои аҳдшиканӣ амалҳои зерин ба ҳисоб мераванд;
- сохтакорона зери парчами сулҳи муваққатӣ музокира барпо намудан ё вонамуди ишора ба таслимшавӣ кардан;
- вонамуди аз саф баромадан бар асари маҷрӯҳ шудан ё беморӣ;
- бо роҳи истифодабарии нишонҳо, аломатҳо ё либосҳои расмии СММ, давлатҳои бетараф ё давлатҳои дигар, ки дар он ҷонибҳои даргир нестанд, вонамуд кардани доштани вазъе, ки ҳимояро пешбинӣ мекунад.
Аҳдшиканӣ аз ҳилаҳои ҳарбӣ фарқ мекунад, зеро ҳилаҳои ҳарбӣ аз ҷониби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ манъ карда нашудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.