Аҳл (ар. أهل‎) — касоне, ки дар як ҷой зиндагӣ мекунанд ва ё муддате дар ҷое гирд омада бошанд, ба монанди аҳли хонавода, аҳли маҷлис ва ғайра.

Агар ин калима ва ё сиғаи ҷамъаш (аҳолӣ: أهالي) ба номи шаҳре ё кишваре изофа шавад, ба маънои мардум ва сокинони он шаҳр ва кишвар аст. Агар ба номи ашхосе, ки ба фанне, коре, илме, ҳунаре ва ё ба дину равияе алоқамандӣ ва сарукор доранд, ба монанди аҳли китоб, аҳли байт, аҳли имон, аҳли зимма ва монанди инҳо илова шавад, мансубияти ононро ифода мекунад. Ин вожа ҳам дар забони арабӣ ва ҳам дар забони тоҷикӣ (форсӣ) барои ифодаи ҷои зист ва зодгоҳ низ ба кор меравад, ба монанди аҳли Мадина, аҳли Бухоро ва ғайра Калимаи аҳл дар истилоҳи фиқҳӣ ва дар боби муомилот ба маънои касест, ки аз ҷиҳати ҳуқуқи салоҳиятӣ – аҳлиятӣ тасарруф дар молу мулк ва ба роҳ мондани муомилотро дошта бошад, яъне оқил, болиғ ва рашид (дорои таҷрибаи корӣ) бошад.

Адабиёт

вироиш