Аҳлиддин Ибодуллозода
омӯзгор, доктори илмҳои таърих
Аҳлиддин Ибодуллозода (28 майи 1984, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, доктори илмҳои таърих.
Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло | |
Таърихи таваллуд | 28 май 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ | , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Зиндагинома
вироишАҳлиддин Ибодуллозода 28 майи соли 1984 ба дунё омадааст. Дар соли 2007 шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст[1].
Корнома
вироиш- 2007—2009 — ассистенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ
- 2009—2012 — аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДДОТ
- 2012—2014 — муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ
- 2014—2016 — мутахассиси раёсати илм ва навоварии техникӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- 2016 — муовини директории Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
- 2016—2018 — сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2019—2021 — сармутахассис ва мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2021—2022 — директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон
- Аз июни 2022 — Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Хонавода
вироишОиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Ҷоизаҳо
вироишБо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 қадрдонӣ гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ректори Донишгоҳ. www.tgpu.tj. 14 июни 2022 санҷида шуд.