Аҳмадак (мисгар)
Аҳмадáк (форсӣ: أحمدک; соли таваллуд ва вафот номаълум) — мисгар ва ҳаккоки форс-тоҷик (охири садаи XI — аввали садаи XII).
Аҳмадак (мисгар) | |
---|---|
Иттилооти асосӣ |
Коргоҳи Аҳмадак дар қасабаи Чилдухтарони назди шаҳраки Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, болотар аз харобаи пойтахти давлати қадимии Истаравшан — шаҳри Бунҷикат аз тарафи бостоншиносон кашф гардидааст. Дар коргоҳ теъдоде аз маҳсули ҳунари Аҳмадак — ду дег, се кӯза, чароғи сиёҳ, қисмҳои шамъдон ва ғайра пайдо шудаанд. Ҳамаи ин осор аз биринҷӣ сохта шуда, дар рӯйи онҳо нақшҳои нафису зебои мунаббат, аҷсоми меъморӣ ва мурғон тасвир ёфтаанд. Дар қисми поини ду кӯзаи ёфтшуда имзои косиб бо номи «Амали Аҳмадак» сабт шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аҳмадак // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.