Аҳмади Боғишамолӣ
Аҳмади Боғишамолӣ (форсӣ: احمد باغ شمالی[1]; ? — қарни XV) — рассом, хаттот ва наққоши форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАҳмади Боғишамолӣ пайрави услуби Абдулҳай буд. Асарҳои минётуравии ӯ то замони мо нарасидаанд. Дар охири маснавии «Силсилату-з-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ду расми кашидаи Аҳмади Боғишамолӣ оварда шудааст. Ин дастнавис дар Китобхонаи ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст. Аҳмади Боғишамолӣ Қасри Боғишамол ва дигар биноҳои муҳташами Самарқандро оро додааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ احمد باغ شمالی. rasekhoon.net. 17 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Аҳмади Боғишамолӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.