Аҳмади Ҷассос

Аҳмад ибни Алии Рози Ҷассос (ар

Аҳмад ибни Алии Рози Ҷассос (ар. أحمد بن على الرازى الجصاص‎ ҳамчунин маъруф ба Абубакри Ҷассос ар. أبو بكر الجصاص‎; то 918, Рай 981, Бағдод) — фақеҳ, муҳаддис ва муфассири бузурги ҳанафӣ.

Аҳмади Ҷассос
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, фақеҳ, муфассир, нависанда
Таърихи таваллуд: 917, 918 ё 917
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 981 ё 12 июн 981
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом[1] ва суннӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: илоҳиётшиносии исломӣ[d], фиқҳ ва тафсир
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

То бистсолагӣ дар зодгоҳаш таҳсил карда, соли 936/37 барои идомаи таҳсил ба Бағдод омад ва дар маҳзари дарси фақеҳи машҳури ҳанафӣ Абулҳасани Кархӣ ба касби илм пардохт. Пас аз сафарҳо ба баъзе шаҳрҳо барои такмили илм дубора ба Бағдод баргашт ва раёсати ҳалқаи дарси устодаш Кархиро то поёни умраш ба уҳда дошт. Дар бораи мақоми илмии вай уламои шарҳиҳолнигор назарҳои мутафовите доштаанд.

Аз Аҳмади Ҷассос осори илмии зиёде бар ҷой мондааст, ки машҳуртарини онҳо китоби тафсире бо номи «Аҳком-ул-Қуръон» мебошад. Таълифоти фиқҳии вай ғолибан ранги шарҳӣ бар мухтасарҳои бузургони мазҳаб, бавижа имом Муҳаммад ва имом Таҳовиро доранд, ба монанди «Шарҳи Ҷомеъ-ул-кабир», «Шарҳи Ҷомеъ-ус-сағир», «Шарҳи маносик»-и имом Муҳаммад, «Шарҳи Мухтасар»-и Таҳовӣ ва ғайра Аҳмади Ҷассос илова бар фиқҳ, дар илми усул низ аз донишмандони барҷаста ва саромади замони худ ба шумор меравад. Ӯ бо китоби «Аҳком-ул-Қуръон» ва «Ал-фусул фӣ-л-усул»-и худ ҳам дар фиқҳи исломӣ ва ҳам дар риштаи усул таъсири амиқе гузоштааст. Китоби «Аҳком-ул-Қуръон»-и вай яке аз муътамадтарин тафсирҳои ҷаҳони ислом дар шарҳи оятҳои аҳком ба шумор меравад. Дар бораи Ҷассос номида шудани вай гӯянд, ки он нисбат ба амали ҷаскорӣ (гачкорӣ ва ё гачпазӣ) аст.

Адабиёт

вироиш
  • Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
  • دانشنامۀ جهان اسلام. جلد ۳. تهران، ۲۰۰۴؛
  • الموسوعة العربية العالمية. النسخة الالکترونية. الریاض، ۲۰۰۴؛
  • خیرالدین الزرکلی. الاعلام. بیروت، ۲۰۰۵؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶

Сарчашма

вироиш