Аҳмади Ҷомӣ
Аҳмад ибни Абулҳасан Ҷомии Номиқии Туршезӣ (форсӣ: احمد ابن ابوالحسن جامی نامقی ترشیزی), Аҳмади Ҷом, Абунаср Аҳмад, мулаққаб ба Жандапил, Пири Ҷом ва Шайхулислом (тақр. 1048, Ҷом, вилояти Ҳирот — 1141, ҳамон ҷо) — шоири мутасаввиф, намояндаи машҳури суфиёни Хуросон.
форсӣ: احمد جامی | |
Таърихи таваллуд: | 1048 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1141 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ ва арабӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз авлоди саҳоба Ибни Саъд. Дар ҷавонӣ илмҳои замонаашро аз худ кард, вале то 22-солагӣ зиндагии бенизоме дошт. Баъдтар гӯшаи узлат интихоб намуда, ба касби илму риояи шариат пардохт ва баъди 12 соли ҳаёти парҳезкорона ба кӯҳистони Ҷом рафта, ба зуҳду тоату ибодат машғул шуд. Дар 40-солагӣ аз кӯҳистон ба деҳаи худ омада, дар он ҷо хонақоҳ барпо намуд ва ба ваъзу иршод пардохт. Аҳмади Ҷомӣ сафари бисёре карда, дар Сарахс, Нишопур, Ҳирот ва Бохарз бо орифону файласуфон вохӯрд. Мувофиқи маълумоти яке аз мактубҳояш бо Султон Санҷар низ шиносоӣ дошт. Дар вилояти Ҷом қудрату нуфузи зиёде касб кард.
Осор
вироишАҳмади Ҷомӣ асарҳои бисёри манзуму мансур таълиф кардааст. Насабаш аслан араб бошад хам, ҳамаи асарҳояшро ба забони форсӣ иншо намудааст. Роҷеъ ба тасаввуф «Мифтоҳ-ун-наҷот», «Анис-ут-тобеин», «Равзат-ул-муназзибин ва ҷаммат-ул-муштаҳим», «Биҳор-ул-ҳақиқа», «Сироҷ-ус-соирин», «Кунуз-ул-ҳикма» ва ғайраро таълиф намудааст, ки танҳо баъзеи онҳо то имрӯз боқӣ мондаанд. Ӯ «Рисолаи Самарқандия» ном асаре низ дорад, ки он ҷавобҳои Аҳмади Ҷомиро ба саволҳои суфиёни Самарқанд дар бар мегирад ва аз ин рӯ, бо номи «Суолу ҷавоб» низ машҳур аст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аксари асарҳои Аҳмади Ҷомӣ ҳангоми истилои муғулҳо аз байн рафтаанд.
Афкор ва ақоид
вироишАбдулҳусайни Зарринкӯб девони мансуб ба Аҳмади Ҷомиро таҳлил намуда, дар он ақидаҳои хилофи афкори Пири Ҷомро дарёфтааст ва дар ин асос мансубияти онро ба Аҳмади Ҷомӣ рад кардааст. Аҳмади Ҷомӣ мактаби анъанавии муршидиро нагузаштааст. Бо вуҷуди ин аксари муҳаққиқон муътақиданд, ки ӯ бо Абутоҳири Курд ном суфии замонаш робитаи бисёре дошта, хирқаи иродатро аз Абусаиди Абулхайр пӯшидааст. Дар тариқат Аҳмади Ҷомӣ бештар пайрави Қушайрӣ, Ансорӣ ва Суламӣ буд ва афкори равияи тасаввуфи муътадилонаро инкишоф медод. Асоси ақидаҳои ирфонии ӯ Қуръону суннат ва шариат буданд. Кимиёро аз тавҳилу таваккул ва ихлосу қаноат иборат медонист. Ба ақидаи Аҳмади Ҷомӣ ҳамаи рафтори инсон бояд аз рӯйи «ҳуҷҷат»-и шаръӣ бошад ва аз ин рӯ, «амр ба маъруф ва наҳй аз мункар»-ро шиори худ қарор дода буд. Расидан ба маърифати тасаввуфиро Аҳмади Ҷомӣ бо «зикр» ва «сабр» имконпазир мешумурд. Имонро ба тавҳид вобаста ва ишқи ирфониро ба ишқи инсонӣ шабеҳ мепиндошт. Дар осори манзумаш ҳаёти маънавии суфиёнро васф намуда, ба тавассути нафси аммораву лаввома ва мулҳамаву мутмаина касб намудани маърифати ирфониро мумкин мешумурд, вале ҳулулро рад мекард. Аз ин рӯ, муҳаққиқон ӯро бо номи суфии муташарреъ ёд кардаанд.
Эзоҳ
вироиш
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.