Аҳмадобод
Аҳмадобóд (форсӣ: أحمداباد; гуҷаротӣ અમદાવાદ — Amdāvād, англ. Ahmedabad, ҳиндӣ: अहमदाबाद — Ahmadābād) — шаҳр дар ғарби Ҳиндустон, дар соҳили дарёи Сабармати. Маркази маъмурии музофоти Аҳмадободи иёлати Гуҷарот.
Шаҳр | |
гуҷаротӣ અમદાવાદ англ. Ahmedabad | |
23°02′ с. ш. 72°37′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Ҳиндустон |
Иёлат | Гуҷарот |
Шаҳрдор | Gautam Shah[d][1] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 26 феврал 1411 |
Номҳои пешина | Ашавал |
Масоҳат | 1300 км² |
Баландии марказ | 53 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:30 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5 570 585 тан (2011) |
Миллият | Гуҷаротӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +91 79 |
Нишонаҳои почта | GJ-1 |
Коди мошин | GJ-1 ва GJ-27 |
egovamc.com | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳолӣ
вироишТағйирёбии шумораи аҳолӣ[2][3][4]
Иқтисод
вироишМинтақаи муҳимми нақлиётӣ. Яке аз марказҳои муҳимми саноат, тиҷорат, молия, илм ва технологияи мамлакат. Дар Аҳмадобод ва атрофи он (Асар, Сараспур ва ғайра) корхонаҳои саноати кимиё, хӯрокворӣ, коркарди филиззот, чармгарӣ фаъолият доранд. Дуюмин маркази бузурги саноати бофандагии Ҳиндустон (баъди Мумбай). Маҳсулоти косибиаш: кундал, шоҳӣ, маснуоти заргарӣ, кандакорӣ дар чӯб ва устухони фил. Донишгоҳ, донишкадаҳои дизайн ва менеҷмент, осорхона дорад.
Таърих
вироишАҳмадободро соли 1411 султони Гуҷарот Аҳмадшоҳ (аз сулолаи Музаффариён) пойтахти худ қарор дода, ба он номи хешро гузошт (номи пешинааш Ашавал ва дертар Карнавати буд). Маҳмуд Бегад, набераи Аҳмадшоҳ соли 1487 Аҳмадободро бо девори даҳҳазорметрӣ қалъабандӣ кард (он 12 дарвоза, 189 бурҷи мудофиавӣ, 6 ҳазор тиркаш дошт).
Дар давраи давлатдории сулолаи Ғуриён, бахусус, ҳангоми ҳукмронӣ Султон Алоуддин Ҳусайни Ғурӣ (1149–1161) ва додарзодааш Ғиёсуддин Муҳаммад (1163–1203) фатҳи сарзамини Ҳинд оғоз ёфта, минтақаҳои Панҷобу Лоҳур ва қисмати шимолии Ҳиндустон ба фарҳангу забони тоҷикӣ роҳ кушода, дар шаҳрсозию услуби меъморӣ ҳунармандони қаламрави Ғазнину Ғур саҳм гузоштанд. Дар давраи давлатдории Темуриёни Ҳинд, ки забони форсӣ дар тӯли 300 сол ҳамчун забони давлатӣ корбаст мешуд, ҳавзаи илмию адабӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфт. Бахусус, ҳангоми ислоҳоти Акбаршоҳ (1556–1605), Шоҳҷаҳон (1627–1658) ва Аврангзеб (1658–1707) Аҳмадобод ба авҷи тараққиёти худ расида, барои густариши дини ислом даҳҳо масҷиду мадрасаи хурду бузург ва мақбараҳо бунёд гардиданд. Аз ҷумла, дар аҳди Темуриёни Ҳинд дар Аҳмадобод заминаҳои пешрафти забон ва адаби форсӣ гузошта шуд, ки барои рушду нумӯи илму фарҳанг дар ҳавзаи Ганг ва нимқораи Ҳинд мусоидат намуд.
Ёдгориҳои таърихӣ
вироишАз ёдгорҳои таърихӣ Қалъаи Бадра (соли 1411), Дарвозаи Тин (соли 1425) побарҷост. Баробари услуби меъмории гуҷаротӣ дар Аҳмадобод масҷиду мақбара ва коху кӯшкҳои зиёде мавҷуданд, ки бо услуби меъморӣ ва санъати ороишии шаҳрҳои тоҷикнишин қаробат доранд. Масалан, Масҷиди Ҷомеъ ( бунёдаш соли 1424), Масҷиди Сидисаид (1515) ва Масҷиди Ранисипри (соли 1514) бо мақбараи муҳташам, пештоқ, гунбад ва сутунҳои кандакорӣ бо усули иморатсозии ҳунармандони шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тирмиз ва Балх қаробат дорад.
Дар Аҳмадобод дар соҳили дарёи Сабармати ашрам (бошишгоҳ)-и Маҳатма Ганди воқеъ аст, ки онро мардум зиёрат мекунанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.dnaindia.com/ahmedabad/report-ahmedabad-mayor-okays-budget-city-to-get-pay-and-park-2585498
- ↑ Historical Census of India. 12 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2013.
- ↑ Census of Ahmedabad.
- ↑ Ahmedabad City Census 2011 data. 28 май 2014 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Искусство стран и народов мира. Т. 2, М., 1965; ЭСТ. Ҷ. 2, Д., 1980;
- Бонгард – Левин Г.М. Ильин Г.Ф. Индия в древности. М., 1985;
- Гусева Н.Р. Многоликая Индия. М., 1987;
- Новая российская энциклопедия. Т. 2, М., 2005.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.