Аҳмадшоҳи Дурронӣ (пашту: احمد شاه دراني‎), ҳамчунин маъруф ба  Аҳмадшоҳи Абдолӣ (пашту: احمد شاه ابدالي‎; 1723-1773) — ходими давлатӣ, асосгузори давлати Дуррониён. Баъди марги Нодиршоҳи Афшор амири Хуросон гардид. Паштунҳои Афғонистон баъзан ӯро Baba («падар») ном мебаранд.

Аҳмадшоҳи Дурронӣ
пашту: احمد شاه دراني
парчам
1-умин Шоҳи Давлати Дуррониён
октябр 1747 — 16 октябри 1772
Ҷонишин Темуршоҳи Дурронӣ
Таваллуд 1723(1723)
Даргузашт 1773(1773)
Мадфан
Дудмон Durrani[d] ва Durrani dynasty[d]
Сулола Абдолӣ (Дурронӣ)
Ном ҳангоми таваллуд Ахмадхони Абдолӣ
Падар Муҳаммадзамонхон Абдолӣ
Модар Zarghona Anaa[d]
Ҳамсар Hazrat Begum[d]
Фарзандон Timur Shah Durrani[d]
Эътиқод Ислом
Рутба генерал
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аҳмадхон (баъдан Аҳмадшоҳ) дар Мултон таваллуд шуда, хонаводааш аввал ба Қандаҳор ва баъдан ба Ҳирот кӯч бастааст. Дар лашкаркашиҳои Нодиршоҳи Афшор ширкат намуда, маҳорати ҳарбиашро такмил додааст. Баъди марги Нодиршоҳи Афшор пешвоёни қабилаи абдолӣ дар мазори Шери Сурхи Қандаҳор ҷирга (ҷаласа) ороста, аз миёни як идда довталабони тоҷу тахт Аҳмадшоҳи Дуррониро баргузиданд. Дар аҳди ӯ абдолиён соҳиби имтиёз ва нуфузи махсус гардида, «дуррониён» ном гирифтанд ва худаш ҳамчун «дурри дуррон» шуҳрат ёфт. Аҳмадшоҳи Дурронӣ баробари муттаҳид намудани қабилаҳои парокандаи афғон Калот, Ғазнӣ, Кобул, Пешоварро тобеъ намуд, соли 1750 Балуҷистон, 1753 Кашмиру Панҷоб, 1755 Хуросонро зери итоати худ даровард, дар шимоли Балх, Қундуз, Маймана, Шибурғону Бадахшонро забт кард, ки қаблан мулкҳои Аморати Бухоро маҳсуб мешуданд. Аҳмадшоҳи Дурронӣ давлати азиме бо масоҳати 2 млн км мураббаъ барпо намуд, ки ғайр аз афғонҳо инчунин тоҷикон, ҳазораҳо, балуҷҳо, ӯзбекҳо ва дигар халқу қабилаҳоро фаро меги­рифт, миёни онҳо дуррониҳо соҳиби нуфузу имтиёзи хос буданд. Тариқи мамлакатдорӣ ва ташкили қув­ваҳои низомии Дуррониён ба давлатҳои пешинаи Шарқи Миёна шабоҳат дошт. Забони дарӣ забони расмии Дуррониён буд. Дар аҳди Аҳмадшоҳи Дурронӣ ҳунармандӣ ва савдо дар шаҳру деҳот ривоҷу равнақ ёфта, истеҳсолот рӯ ба тараққӣ ниҳод. Пойтахти аввалаи Аҳмадшоҳи Дурронӣ – Қандаҳор ободу зебо гардида, дар ин ҷо иморати бисёр сохта шуд, ки намунаи онҳо мақбараи Аҳмадшоҳи Дурронӣ мазори «Хиркоми муборак» ҳоло ҳам побарҷост. Аҳмадшоҳи Дурронӣ дар дарбораш аҳли адабу илму ҳунарро ҷамъ оварда, худ шеър менавишт, девони ашъораш соли 1940 дар Кобул нашр шуд.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.171 // Д. Саидмуродов.

Адабиёт

вироиш
  • Губар, Мир Гулам Мохаммед, «Ахмад-шах — основатель афганского государства», Москва 1959
  • Ганковский Ю. В. «Империя Дуррани», Москва 1958

Пайвандҳо

вироиш