Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода (18 декабри 1952, ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон) — воқеанигор ва рӯзноманигори тоҷик[1]. Профессор.
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1952 (72 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | рӯзноманигор |
Фарзанд | Шаҳноз Комилзода |
Зиндагинома
вироишАҳмадшоҳ Комилзода 18 декабри соли 1952 дар ноҳияи Комсомолобод ба дунё омадааст. Солҳои 1966—1976 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ таҳсил кардааст. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко бо тахассуси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар соли 1976 мебошад. Дар солҳои 1974—1976 аспиранти кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе буд.
Кору фаъолият
вироиш- 1977—1979 — аспиранти кафедраи забони тоҷикӣ, устоди кафедраи забони тоҷикӣ, факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
- 1974—1979 — муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Пионери Тоҷикистон»
- 1980—1983 — тарҷумони забони русӣ ба форсӣ, омӯзгори забони русӣ барои афғонҳо ва забони форсӣ барои русҳо дар ҳайати Вазорати нафту гози ИҶШС дар Афғонистон, шаҳри Мазори Шариф, Шибирғон
- 1983—1991 — муҳаррир, муҳаррири калони шуъбаи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон, Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ
- 1991—1992 — муҳаррир, сармуҳаррири Киностудияи «Тоҷикфилм», Иттиҳодияи филмҳои мустанад
- 1992 — директори Телевизиони Тоҷикистон, Кумитаи давлатии назди Ҳукумати ҶТ
- 1995—1997 — хабарнигор, омӯзгори забони русӣ барои хабарнигорони эронӣ Рӯзномаи давлатии ҶИ Эрон «Кайҳон», Теҳрон, ҶИЭ
- 1998—2000 — таҳлилгар, тарҷумон-рӯзноманигори Созмони ғайриҳукуматии «Модар», Душанбе
- 2001 — шореҳи сиёсии Хабаргузории давлатии Ҷопон «Эн Эйч Кей» (NHK), Токио, Ҷопон
- 2001—2013 — хабарнигор, мудири бахши Осиёи Марказӣ дар радиои «Садои Амрико», сервиси дарӣ, Вашингтон, ИМА
- 2013—2015 — сардабири маҷаллаи тиббию маърифатии «Модар»
- 2015—2018 — муҳаррири калон, муовини директори Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ
Паноҳандагӣ
вироишАҳмадшоҳ Комилзода аз ноябри 1993 то апрели 1995 паноҳанда дар ДИ Афғонистон буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аҳмадшоҳ Комилзода: Ба Тоҳири Абдуҷаббор унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» бояд дод, ASIA-Plus. Бойгонӣ шудааст 20 июни 2016 сол. Проверено 18 Декабри 2017.