Аҳмадҷон, احمدجان (Хӯқанд, 18281912, ҳамон ҷо) — хаттоти тоҷик. Дар қитъанависӣ шуҳрат дошт. Касби асосиаш пӯстиндӯзӣ буд, вале ба сабаби зиёд будани мухлисонаш қитъа ва рубоиро ба хатти настаълиқ, сулс ва ғайра китобат мекард. Санъати хаттотиаш баланд буд. Намунаи асарҳои китобаткардааш дар Осорхонаи адабиёти Хӯқанд маҳфузанд.

Аҳмадҷон (хаттот)

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш