Аҳмадӣ (Хуҷандӣ)
Аҳмадӣ, Аҳмади Хуҷандӣ, Қорӣ Аҳмади Фонуссоз (тав. - 1314 қ.) — шоири форс-тоҷик. Аз зиндагии ӯ огоҳии чандоне дар даст нест. Ба гуфтаи Муҳтарам ашъори ӯ “чун ишқи парвона бегазоф ва чун тани шамъ чарбу нарм аст”. Аммо Садри Зиё ӯро шоире беаҳамият ва шеърашро муҳмил мехонд. Аз сурудаҳои ӯ танҳо абёти парокандае дар тазкираҳо ба ёдгор мондааст.
Манбаъ
вироиш- «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам. Д., 1975. саҳ. 19-20;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, 1/216;
- Ганҷи Зарафшон, саҳ. 86-87;
- Наводири зиёия, саҳ. 132. [1]
Адабиёт
вироиш- Донишномаи адаби форсӣ. Адаби форсӣ дар Осиёи Миёна. – Теҳрон: Интишороти вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1380, ҷ. 1, саҳ. 63-64.