Аҳмад ибни Марвони Сарахсӣ
Аҳмáд ибни Марвóни Сарахсӣ (форсӣ: أحمد ابن مروان سرخسی; ? — 899) — яке аз олимон ва мусиқидонони маъруфи форс-тоҷик, ки дар таҳқиқ ва омӯзиши илми мусиқӣ ва ташаккули он дар давраи Сомониён саҳми арзанда гузоштааст.
أحمد ابن مروان سرخسی | |
Таърихи даргузашт | 899 |
Маъруф ба | мусиқидон |
Таълифот
вироишМашҳуртарин китобҳои Аҳмад «Китобу мусиқӣ аср-ас-Сосония», «Китоб-ул-мадхал илм-ал-мусиқӣ», «Китоб-ул-мусиқӣ ас-сағир», «Китоб-ул-мусиқӣ ал-кабир» ном дошта, ба таърихи асарҳои овозӣ (суруду таронаҳо), созҳои мусиқӣ, назарияи илми мусиқии мардумони Шарқ бахшида шудаанд. Аҳмад назария ва амалияи мусиқии аҳди Сомониёнро баррасӣ намуда, дар бораи асарҳои мусиқии Мовароуннаҳру Хуросон, аз ҷумла жанри созии «равошин», сурудҳои Бухоро ва ғайра санадҳои зиёд овардааст. Аҳмад теъдоди зиёди китобҳои паҳлавӣ ва ҳиндиро роҷеъ ба санъати мусиқӣ ба забони арабӣ баргардондааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Раджабов А. К истории таджикской музыкальной культуры в IX –X вв. // Абу Али ибн Сино и его эпоха. Д., 1989.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.