Аҳрорӣ
Аҳрорӣ, хоҷааҳрорӣ — навъе аз зардолуҳои пешпазак. Дар шуъбаи самарқандии Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва майкашии ба номи P. Р. Шредер рӯёнда шудааст.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишДарахташ калони сершох; дар 12-солагӣ то 7 м, дар 30–35-солагӣ 10–11 м қад мекашад; дарозии шохаҳояш зиёда аз 5–6 м. Пӯстлохаш дорчинии хокистарранг. Баргаш миёнаҳаҷм, байзашакли нӯгтез, канорҳояш дандонадор. Гулаш миёнаҳаҷми сафед. Дарахти аҳрорӣ март – апрел гул карда, нимаи дуюми май ва аввали июн мевааш нобаробар мепазад. Бинобар ин ҳосилашро дар ду-се навбат меғундоранд. Барои гардолуд шудани аҳрорӣ навъҳои Мирсанҷарӣ, Хурмоӣ, Бобоӣ ва Субҳонӣ мувофиқ мебошанд. Мевааш (45х44х44 мм) кулӯла ё байзашакл (30–50 г) — дар мобайн чоки чуқур дорад; рангаш зарди сафедтоб. Дар таркиби меваи хушкондааш 60–70% қанд мавҷуд аст. Мағзи мевааш зардча, сершираи хушбӯй, 12–34% қанд, 0,8% ҷавҳар дорад. Донакаш миёнаҳаҷм (21x19x12 мм) — дорчинии сафедтоб, ба дила сахт часпидааст, мағзаш гирди ширин. Меваи аҳрориро тар мехӯранд, баргаку аштак, тайёр мекунанд; ҳангоми интиқол додан зуд вайрон намешавад. Дарахташ дар заминҳои хокаш хокистарранг нағз месабзад. Соли 5–6-ум самар меоварад. Ҳосилаш миёна, дарахти 20–25-солааш 60–70 кг мева медиҳад. Асосан дар вилояти Суғд (ноҳияи Хуҷанд, Конибодом, Ашт, Исфара, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Зафаробод, Панҷакент) — ноҳияи Рашту Нуробод, қисман дар вилҳои Самарқанд, Фарғона ва Тошканд мерӯяд. Ба сармо, хушкӣ ва шӯрии хок, инчунин ба зиёни ҳашароти зараррасон ва касалиҳои занбӯруғӣ тобовар аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Пулатов А. Таджикский абрикос. Д., 1976;
- Плодоводство Таджикистана. Д., 1970;
- Гулов С. М. (ва диг.). Навъшиносӣ (помология). Д., 1999;
- Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007.
Сарчашма
вироиш- Аҳрорӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.