Аҷибии Ҷузҷонӣ
Аҷибии Ҷузҷонӣ (форсӣ: عجیبئ جزجانی; охири садаи XII — ибтидои садаи XIII) — шоир, ахтаршинос, ҷуғрофиёдон, таърихнигор ва донишманди форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ («Лубоб-ул-албоб») Аҷибии Ҷузҷонӣ аз шоирони даврони Салҷуқиён, мутааллиқ ба доираи адабии Хуросон буд. Дар анвои гуногуни шеър асарҳо меофарид. Аз намунаҳои ашъори боқимондааш бармеояд, ки шоири тавоно буд, аз илмҳои нуҷум, ҷуғрофия, таърих, ҳарб, забони арабӣ ва ғайра вуқуфи комил доштааст. Дар ашъораш аз саноеи лафзию маънавӣ моҳирона истифода кардааст. Абёти луғатсанҷ дар бораи себ:
- Чист он қасри бедару равзан,
- Хира з-ӯ пайкари Суҳайли Яман.
- Шакли ӯ ҳамчу ҳайати гардун,
- Шахси ӯ ҳамчу кавкаби равшан…
Адабиёт
вироиш- Аҷибии Ҷузҷонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.