Бабри Мозандарон (филм)

Бабри Мозандарон
ببر مازندران
Постери филм
Постери филм
Жанр Мелодрама
Коргардон Сомуил Хочикён
Таҳиякунанда Маҳдӣ Мисоқия
Муаллифи
филмнома
Манучеҳр Каймаром
Дар нақшҳои
асосӣ
Имомалӣ Ҳабибӣ,
Нилуфар,
Дориюш Тиллоӣ,
Ризо Ҳушманд
Наворбардор Нусратуллоҳ Канӣ
Оҳангсоз Анушервон Руҳонӣ
Давомнокӣ 122 дақиқа
Мамлакат Парчами Эрон Эрон
Забон порсӣ
Сол 24.04.1968
IMDb ID 0292945

Достони филм

вироиш

Ҳабиб ҳезумшикану паҳлавони ҷавонест, ки Баширхон ва афродаш бо ӯ даргирӣ доранд. Вай бо ҳамроҳии дӯстонаш Булӯр ва Ҳусайни Ғул ба маросими куштии маҳаллӣ меравад ва мақоми аввалро ишғол мекунад. Мураббии маъруфе аз Теҳрон, ки тасодуфан дар ҷашни деҳа ҳузур дошт, нерӯи фавқуллодаи Ҳабибро дида, ӯро ба пойтахт барои куштии касбӣ даъват мекунад. Дере нагузашта ӯ, ба лақаби «бабри Мозандарон» паҳлавони боистеъдоду маъруф ва дӯстдоштаи тамоми Эрон табдил меёбад.

Вохӯрии тасодуфие пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии кишвар тамоми ҳаёти ояндаи ӯро чаппа мекунад. Қабл аз рақобати ниҳоии мусобиқаи Машҳад, Ҳабиб ба зиёратгоҳ меравад ва пиразанеро вомехӯрад, ки орзу дорад писараш дар мусобиқаи куштӣ пирӯз шавад то назди хонаводаи номзадаш эҳсоси сарафкандагӣ накунад. Ин пиразан модари ҳарифи ояндааш Кайвон аст. Рӯзи мусобиқа Ҳабиб худро мағлуб мекунад ва аз далели шикасташ фақат модари Кайвон иттилоъ дорад, ки ӯро меситояд. Дӯстони Ҳабиб бохтро дар ивази маблағ ҳисоб карда, ӯро аз худ меронанд. Ҳабиб ба зодгоҳаш бозмегардад ва дар он ҷо ба таҷовузи Лола духтари нобиное муттаҳам мешавад. Аҳолии русто ӯро сарзанишу сангсор мекунанд. Пиразан ки ба бегуноҳии Ҳабиб бовар дорад бо писараш Кайвон ва Булӯр ба зодгоҳи Ҳабиб мераванд ва аз вай дифоъ мекунад. Лола бо шунидани садои Баширхон ӯро ба унвони мутаҷовиз муаррифӣ мекунад. Баширхон ва ҳамроҳонаш дастгир мешаванд. Дар мусобиқаи дигаре, ки дар русто миёни Ҳабиб ва Кайвон баргузор шуд, Ҳабиб пирӯз мешавад.

Як бахши ҷудогонаи ин достон ишқи Ҳабиб, қаҳрамони асосӣ ва духтари сарватманди маҳаллӣ Ситора аст.

Тавлид ва намоиш

вироиш

Ҳунарпешаҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Пайвандҳои беруна

вироиш