Багром
Багрóм — шаҳри бузурги замони Кушониён.
Маҳалли аҳолинишин | |
форсӣ: بگرام | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 1 492 м |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вожашиносӣ
вироишКалимаи багром аз ду бахш: баг, бог (Худо) ва ром — хуш ва шодмонист. Дар замони Кушониён яке аз марказҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ буд.
Ҷуғрофия
вироишБагром дар масофаи 60 км аз Кобул, дар доманаи Ҳиндукӯҳ воқеъ аст.
Таърих
вироишДар маъхазҳои қадим бо номи Каписо (ҳоло ба ин ном вилояте дар Афғонистон машҳур аст), яке аз вилоятҳо дар доманакӯҳи Паропамисад (ҳоло Ҳиндукӯҳ) ёд шудааст.
Меъморӣ
вироишБиноҳо аз хишти хом болои пойдевори сангин сохта шудаанд. Ҳафриёти Багром нишон дод, ки он дар садаҳои 2-1 то м. ва 1-5 м обод будааст. Шаҳр бо нақшаҳои меъморон сохта шуда, кӯча, хиёбонҳо, биноҳо бо тартиб ҷо ба ҷо мебошанд. Деворҳои муҳофизатӣ ростанд ва дар масофаи 18-20 м дар он бурҷҳои тирандозии баробарпаҳлу ё худ тиркашҳо сохта шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт се қабати замони рушди шаҳр муайян шудаанд. Қабати якум ба замони пайдо шудани он, ба асрҳои 2-1 то милод нисбат дорад. Зарфҳо, олоту ашёи рӯзгор бо санъати баланди ҳунармандӣ сохта шудаанд. Зарфҳои Багром — замони қабатҳои 1 бо рангҳои сиёҳу хокистарӣ ва сурх оро ёфтаанд. Дар замони қабатҳои 2 зарфҳои дорои ранги хокистарӣ ба қадаҳҳои пошнадори сиёҳу лоҷвардӣ иваз шудаанд. Дар Багром зарфҳои саҳроӣ, ки як тарафашон ҳамвор аст ва барои дар хурҷин ва ё бевосита дар пушти астарони боркаш бор кардани онҳо сохта шудаанд, ёфт гардидаанд, ки нишонаи омадани мардуми саҳронишин мебошанд. Дар байни бозёфтҳои Багром зарфҳои шишагин бо расмҳои қаҳрамонҳои устуравии Юнону Рум ба монанди Ҳеракл, Амур ва ғ. бисёр мебошанд. Махсусан бозёфтҳои аз устухони фил тарошидашуда бо симои канизакҳо, раққосон ва сарояндагону навозандагон хеле ҷолибанд. Онҳо бо санъати баланди тасвирӣ ҳаккокӣ шуда, ба асрҳои 2-3 милод тааллуқ доранд. Сабки санъати тасвирии дар устухони фил иҷрошуда ба сабки ёдгорҳои Матхура монанд аст. Дар ин сабк омезиши санъати тасвирии ҳиндуюнонӣ ва маҳаллӣ мушоҳида мешавад. Қабати сеюм ба асрҳои 3-5 милодӣ мансуб буда, биноҳои истиқоматии ин давра аз хонаҳои ду, се ва чору панҷҳуҷрадор иборат мебошанд. Бештар ёдгорҳои санъати тасвирӣ аз қасри сарвари шаҳр пайдо шудаанд. Деворҳои қаср хеле ғафсу устувор буда, дорои бурҷҳои тирандозии мудавваранд. Багром яке аз шаҳрҳои мутараққии тиҷоратӣ, ҳунармандӣ ва меъморӣ дар асрҳои зикршуда буд. Шаҳр дар охири садаи IV ва аввали садаи V аз тарафи шоҳи Сосониён Шопури I ва Ҳайтолиён хароб карда шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Массон В. М., Ромодин В. Д. История Афганистана. Т. 1. Москва, 1964.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.