Бадансозӣ (форсӣ: بدن‌سازی‎), бодибилдинг (аз англ. body — бадан ва building — сохтан), мушакварзӣ, културизм (аз фр. culturisme) — навъи варзиши бадан, ки фақат барои калону зебо шудани мушакҳои бадан карда мешавад.

«Мистер Олимпия» 2008, Декстер Ҷексон
Евгений Сандов, падари бадансозии муосир

Дар бисёр кишварҳоҳо ба истилоҳи англисиаш, яъне бодибилдинг қабул карда шудааст. Дар Фаронса, Итолиё, Испания ва баъзе мамлакатҳои дигар истилоҳи фаронсавии он — «културизм» (мушакварзӣ)-ро ба кор мебаранд.

Таърих

вироиш

Машқҳои вазнин барои инкишофи қувва ва зебоии бадан ҳанӯз дар Юнони Қадим ва Руми Бостон истифода мешуданд. Онҳо тадриҷан дар бисёр мамлакатҳо паҳн гардидандБадансозӣ бештар дар Амрико маъруфият пайдо кард. Бонуфузтарин озмуну мусобиқаҳо оид ба бадансозӣ дар Амрико «Марди зеботарини Амрико» ва «Марди зеботарини ҷаҳон» мебошанд. Дар с-ҳои 50 садаи 20 дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон бадансозии касбӣ маъмул шуд. Соли 1946 Федератсияи байналмилалӣ оид ба бадансозӣ ташкил карда шуд, ки 145 федератсияҳои миллиро муттаҳид менамояд (2010). Бонуфузтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бадансозӣ «Марди зеботарини Олимпия» (барои мардон) ва «Зани зеботарини Олимпия» (барои занон) мебошанд, ки аз соли 1965 ҳар сол аз ҷониби Федератсияи байналмилалии бадансозӣ ташкил карда мешаванд. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба мушакҳои мушакварзон аз рӯйи ҳаҷм, зебоӣ ва мутаносибӣ баҳо медиҳанд. Маъруфтарин чемпионҳои мусобиқаи байналмилалии «Марди зеботарини Олимпия» Ли Хейнӣ (1984—1991), Арнолд Шварсенеггер (1970—1975, 1980), Ронни Колеман (1998—2005) мебошанд.

Бадансозӣ дар Тоҷикистон

вироиш

Бадансозӣ солҳои охир дар Тоҷикистон низ маъмул гардид. Соли 2009 Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудБадансозӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, ноҳияи Шаҳринаву Ҳисор ва ВМКБ инкишоф ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) гузаронида мешаванд. Мушакварзони тоҷик аз соли 2009 дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё иштирок мекунанд. Азизов Азиз соли 2010 дар Бозиҳои дуюми соҳилии Осиё, ки зери сарпарастии Кумитаи олимпии Осиё баргузор шуд, ҷойи 3-юмро ишғол кард. Толибов Хуршед ссоли 2011 дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Малако (Малайзия) ҷойи 8-умро соҳиб шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Большая советская энциклопедия. Т. 13. М., 1973;
  • Польный курс бодибилдинга от начинающих до профессионалов. М., 2002;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007;
  • Альциванович К., Бухаров Е. Всё о бодибилдинге. М., 2010.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш