Муҳаммад Масҷидии Бадахшонӣ

Бадахшонӣ بدخشانی Муҳаммад Масҷидӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (нимаи дуюми садаи XIX – ибтидои садаи XX). Мувофиқи маълумоти тазкираи «Баҳори Бадахшон» Б. аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Бухоро омад ва аз улуми мутадовила дониш андӯхта, чун шоиру донишманд шуҳратёр гардид. Дар замони амир Олимхон ба мартабаи охундӣ расида буд. Ба дарбор низ қаробат доштааст. Аз ашъораш, ки дар замони зиндагиаш дар байни мардуми Бухоро интишор ёфта, машҳур буданд, намунаҳо ба тавассути тазкираҳову баёзҳо расидаанд.

Муҳаммад Масҷидии Бадахшонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш