Сангмуҳаммади Бадахшӣ

(Тағйири масир аз Бадахшӣ, Сангмуҳаммад)

Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ (қарни XVIII — қарни XIX) — таърихнигор ва шоири форс-тоҷик.

Мирзо Сангмуҳаммад
Мирзо Сангмуҳаммад
Акс:Mirzo sang1.JPG
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Оид ба аҳволи зиндагии Сангмуҳаммади Бадахшӣ маълумоти кофӣ дастрас нест, вале аз баъзе ишораҳояш дар китоби таълифнамудаи ӯ «Таърихи Бадахшон» маълум мешавад, ки дар соли 1796/97 — соли чоруми ҳукмр. Муҳаммадшоҳ ба Файзобод (пойтахти вақти Бадахшон) омада, дар дарбори ӯ ба гурӯҳи «аҳли қалам» пайваст. Дар ин ҷо ба вазифаи мирзоӣ таъйин гардида, дар шеър низ «Мирзо» тахаллус мекард.

…Ки ӯ мир шуд, ман шудам мирзо,
Бувад хуш Худоят, Муҳаммад ризо.

Дар соли 16-уми ҳукмронии Муҳаммадшоҳ (1808) Сангмуҳаммади Бадахшӣ навиштани солномаи сулолавии «Таърихи Бадахшон»-ро ба итмом расондааст. «Таърихи Бадахшон» ғайр аз баёни салтанати амирони Бадахшон (асосан сулолаи Ёрбек), ҳамчунин, баъзе давраҳои ҳаёти маданӣ ва адабии ин диёрро низ фаро мегирад ва ба андешаи профессор А. Н. Болдирев ягона асари хаттиест, ки дар асоси асноди таърихӣ ва ривоёти маҳаллӣ таълиф гардидааст. Ин асар маъмулан байни аҳли адаб бо номи «Таърихи Бадахшони Фазлалибеки Сурхафсар» машҳур аст, зеро қисмати дуюми онро муаллифи сонӣ навиштааст: «…Ва бандаи камтарин муаллифи сонӣ — Мирзо Фазлбек Ҳоҷии Сурхафсар ба қадри ҳунари беҳунарии худ аз ҷойи расиду мавқуфгузошти муаллифи аввал ибтидо карда, татиммаи ӯро ба татиммаи худ ба такмил расонда…».

  • Таърихи Бадахшон (шуъбаи ленинградии дастхатҳои китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Россия). № В 2311.

Адабиёт

вироиш