Бадеъ (ар. بدیع ‎ — тоза, нав, навофарин), илми бадеъ — дар истилоҳи адабӣ воситаҳои забонии тасвир ва инъикосро мегӯянд, ки санъатҳои бадеӣ хонда мешаванд.

Илми бадеъ вироиш

Бадеъ донишест, ки қонунияти корбурд ва истифодаи санъатҳои бадеиро таҳқиқ мекунад ва корбурди онҳоро дар амалияи эҷоди адабӣ меомӯзад, мабдаи офариниш ва сиришти офарандагии ҳунариро муайян мекунад. Илми бадеъ санъатҳои бадеиро ба ду дастаи асосӣ тақсим мекунад:

1) санъатҳои бадеии лафзӣ, ки ҳусни калом дар он аз таносуби овоӣ ва ҳарфии таркиби алфоз ҳосил мешавад ва ҳунару ҳусни сухани офарандаро ба зоҳир меорад. Шикасти таносуби ово ва ҳарф боиси барҳам хӯрдани таносуби лафзӣ мегардад. Мас., дар санъатҳои саҷъ ва таҷнис ово ва ҳарф бо ҳуруфи мутаносиб нишонаи санъат ва овову ҳуруфи номутаносиб сабаби барҳам хӯрдани санъат аст. Вожаҳои бандам, шинам, гирам дар матни адабӣ ба вазифаи саҷъ омада метавонанд. Табдили ҳар яки онҳо бо вожаи номутаносиб аз лиҳози ово ва ҳарф ҳамоҳангии саҷъро мешиканад;

2) санъатҳои бадеии маънавӣ бо таносуби маъноии калимаҳо бунёд меёбанд. Дар онҳо тағйири лафз бо нигоҳ доштани маъно ҳусни санъат ва каломро намешиканад. Бадеъи маънавиро зебоиҳои зотии калом ё зебоиҳои аслӣ гуфтаанд ва баёни онҳо дар илмҳои маонӣ ва баён татбиқ мегардад. Бадеъро воситаи тасвир ва воситаи инъикос (офаридан) низ гуфтааанд. Бадеъ чун мафҳуми илмӣ дар таърихи афкори адабӣ аввал ба маънои навию тозагӣ, баъдан ҳамчун воситаи ҳунари эҷодӣ истифода шудааст.

Таърих вироиш

Санъатҳои бадеӣ баробари пайдоиши адабиёти шифоҳӣ ва мактуб чун воситаи маърифат ва ҳусни гуфтору навишт ба вуҷуд омаданд. Бадеъ аз муҳимтарин меъёри қонуни мазмуну шакл буда, дар натиҷаи дуруст, бамавқеъ, мувофиқи тақозои мавзӯъ ва ғоя кор фармуда шудани он ягонагии мазмуну шакл ҳосил мегардад. Дар акси ҳол таносуб вайрон шуда, ҳунар сурати шаклпарастӣ ба худ мегирад. Адибони асрҳои миёна ба бадеъ эътибори ҷиддӣ медоданд ва қонуни таносубро риоя мекарданд. Вале баъзе адибон ба сурати зоҳирии сухан бештар майл карда, аз санъатҳои бадеӣ суистифода кардаанд ва дар натиҷа дар назму дар наср равиши маснӯъ афзуда, насри маснӯъ ва қасоиди маснӯъ ба вуҷуд омаданд. Илми бадеъ дар аввали ислом ташаккул ёфт.

Асосгузори илми бадеъ дар араб Ибни Муътазз шинохта шуда; қадимтарин китоби бадеи форсӣ тоҷикӣ асари Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ (асри 11) «Тарҷумону-л-балоға» мебошад. Дар садаи XII Рашидуддини Ватвот дар баҳси бадеъ китоби «Ҳадоиқ ус-сеҳр фӣ дақоиқи-ш-шеър»-ро навишт, ки баъдан дар пайравии он таълифоти дигар донишмандон ба вуҷуд омаданд. Маъруфтарин китобҳои дар илми бадеъ таълифшуда «Ал-Муъҷам»-и Шамсуддин Муҳаммад Қайси Розӣ (асри 13), «Ҳақоиқу-л-ҳадоиқ»-и Шарафуддини Ромӣ (асри 14), «Эъҷози хусравӣ»-и Хусрави Деҳлавӣ (асри 14), «Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (а 15), «Бадоеъу-с-саноеъ»-и Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ (асри 15), «Ҷамъи мухтасар»-и Ваҳиди Табрезӣ (асри 15), «Маҷмаъу-с-саноеъ»-и Низомуддин Аҳмади Сиддиқӣ (асри 17) мебошанд.

Илми бадеъ дар авраи нав вироиш

Дар давраи нав дар Эрон ва Тоҷикистон дар илми бадеъ чандин китоби тахассусӣ чоп шуд. Аз ҷумла «Фунуни балоғат ва саноати адабӣ»-и Ҷалолуддини Ҳумоӣ (Т., 1367 ҳ. ш.), «Маонӣ ва баён»-и Ҷалили Таҷлил (Т., 1370 ҳ. ш.), «Санъати сухан»-и Т. Зеҳнӣ (Д., 1979) ва ғ. дар мавзӯи бадеъ мебошанд. Бадеъ рукни муҳимми поэтикаи адабиёти бадеӣ мебошад ва бо ҳамбастагии арӯз ва қофия асоси шаклии шеърро ба вуҷуд меорад. Санъатҳои бадеӣ, ки рукнҳои асосии илми бадеъ мебошанд, ҳар як дар алоҳидагӣ шарҳ дода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1–2., М., 1969;
  • Зеҳнӣ Т. Санъати сухан. Д., 2002;
  • Шарифов Х. Балоғат ва суханварӣ. Д., 2002;
  • محمد شریفی. فرهنگ ادبیات فارسی. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش

Сарчашма вироиш