Бадеъи Балхӣ
Бадеъи Балхӣ (форсӣ: بدیع بلخی, Абдумуҳаммад Бадеъ ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Балхӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 10 – ибтидои садаи XI).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишАз шоирони давраи Сомониён аст, ки дар Чағониён зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз осори ӯ қасидаҳо дар мадҳи амири Чағониён Абуяҳё Тоҳир ибни Фазл ибни Абубакр (вафот 988) ва ғазалҳову қитъаҳои сабтгардида дар тазкираҳо («Лубобу-л-албоб»-и Авфӣ, «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят ва ғайра) боқӣ мондаанд. Ба Бадеъи Балхӣ манзумаи андарзии «Роҳату-л-инсон» ё «Пандномаи Анӯшервон» нисбат дода мешавад. Ин асар, ки аз адабиёти паҳлавии давраи Сосониён маншаъ гирифтааст, дар забони форсии дарӣ бо номҳои «Пирӯзинома», «Зафарнома» маъруф аст ва тарҷумаи форсияш (мансур) ба Абуалӣ ибни Сино нисбат дода мешавад. Абёти зерин аз нигоштаҳои Бадеъи Балхӣ мебошанд:
Чӣ пӯшӣ ҷавшани ғафлат, ки рӯзе
Ту бошӣ тири меҳнатро нишона.
Амал бо умрат андар неҳ ба меъёр,
Нигаҳ кун, то куҷо гардад замона...
Дидори манотро садаф хоҳам кард,
Охир ба мудоро-т ба каф хоҳам кард.
Ё он ки туро ба меҳри худ ром кунам,
Ё умр ба ишқи ту талаф хоҳам кард.
Адабиёт
вироиш- صفا ذبیح الله. تاریخ ادبیات در ایران. ج. ۱، تهران، هـ. ش؛
- دانشنامۀ جهان اسلام. ج.۲، تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.