Ҳаким Бадеъи Табрезӣ (форсӣ: بدیع تبریزی[1]; дарг. 1572) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Бадеъи Табрезӣ
Таърихи даргузашт: 1572

Зиндагинома

вироиш

Дар тазкираҳо, мас., «Оташкада»-и Озар аз ин шоир чун шахсияти таҳсилдида, воқиф аз улуми маъмулии давр — фиқҳ, нуҷум, сарфу наҳв, тиб ва ғ. ёд шудааст. Соҳибдевон. Ашъори хубу марғубе дар девонаш фароҳам омада буд.

Абёти зерин аз ӯст:

Маҳи ман шуд ба ман гарми итоб оҳиста-оҳиста,
Бале, гармӣ физояд з-офтоб оҳиста-оҳиста.
Ба хунам теғи он гул рафта-рафта сурх хоҳад шуд,
Қазо хоҳад задан нақше бар об оҳиста-оҳиста.

  1. بدیعی تبریزی(форсӣ). ویستا. 4 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш