Бадеъи Турку (форсӣ: بدیع ترکو‎, Бадеъуддини Санҷарӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).

Бадеъи Турку
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» аз ҳунари волои ӯ дар шеъру шоирӣ ёдовар шудааст. Табъи равон доштааст, махсусан дар бадоҳатан гуфтани шеър моҳир будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:

То кай бошӣ барои ноне баумед,
Ҳар ҷоеву ҳар даре чу қурси хуршед.
Бо зодаи хотиру нами дида бисоз,
К-ин оби сиёҳи туст в-он нони сапед.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • محمد عوفی. لباب الالباب. تهران، ۱۳۳۵، هـ. ش

Сарчашма вироиш