Бадеъуззамони Натанзӣ

Бадеъуззамони Натанзӣ (форсӣ: بدیع الزمان نطنزی‎; ? — 1103) — адиб ва луғатнависи форс-тоҷик.

Бадеъуззамони Натанзӣ

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Натанз буд, вале зиндагӣ ва эҷодиёташ дар Исфаҳон ҷараён ёфтааст. Пас аз хатми мадраса ва омӯхтани улуми мутадовили замон мударрис шуд ва то охири умр ба ҳамин касб шуғл меварзид. Бадеъуззамони Натанзӣ забони арабиро хуб медонист ва осорашро ба забони форсию арабӣ менигошт. Аз ин сабаб бо лақабҳои Зуллисонайн ва Зулбаёнайн шуҳрат ёфта буд. Ба қалами Бадеъуззамони Натанзӣ ду фарҳанги арабӣ ба форсӣ — «Дастуру-л-луғат» ва «Китобу-л-мирқот» тааллуқ доранд. Вай инчунин шеър месурудааст. Дар боби илми бадеъ асаре бо номи «Китобу-л-халосӣ» доштааст.

Адабиёт

вироиш
  • سعید نفیسی ، تاریخ نظم و نثر در ایران و در زبان فارسی، تهران، ۱۳۴۴ هـ. ش