Бадеъуззамони Ҳамадонӣ

Бадеъуззамони Ҳамадонӣ (форсӣ: بدیع الزمان همدانی‎, Абулфазл Аҳмад ибни Ҳусайни Ҳамадонӣ; 969, Ҳамадон6 январи 1008, Ҳирот) — нависанда ва шоири араб.

Бадеъуззамони Ҳамадонӣ
ар. بديع الزمان الهمذاني
Таърихи таваллуд: тақрибан 969[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1007
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Забони осор: арабӣ[2][3]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Бадеъуззамон дар миниатюра

Зиндагинома

вироиш

Аҷдоди Бадеъуззамони Ҳамадонӣ аз қабилаи арабии тағлиб буданд. Дар баъзе навиштаҳояш аз асли арабии худ ёд кардааст. Пас аз хатми таҳсили улуми мадраса дар назди донишмандони давраш Ибни Холавайҳ ва Абулҳусайн Аҳмад ибни Форис сарфу наҳв омӯхт. Дар синни камолот ба чанде аз шаҳрҳои Эрону Хуросон — Исфаҳон, Гургон, Нишопур, Сарахс, Марв, Тӯс, Сиистон, Ғазна, Ҳирот ва ғ. сафар кард; ба хидмати ҳокимони ин шаҳрҳо мерасид, илм меомӯхт, дар маҳфилҳои илмию адабӣ ширкат мекард, баҳсҳои илмӣ меорост (баҳсаш бо Абубакри Хоразмӣ дар масоили динӣ, ки дар он Бадеъуззамони Ҳамадонӣ пирӯзӣ ёфт ва шуҳраташ афзун гардид).

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш
 
Бадеъуззамон дар асп

Фаъолияти эҷодии Бадеъуззамони Ҳамадонӣ дар се самт — иншои расоил (номаҳо), таълифи мақома, эҷоди асарҳои манзум (ашъор дар навъҳои гуногун) ҷараён доштааст. 224 нома (рисола)-ҳои Бадеъуззамони Ҳамадонӣ то замони мо расидаанд, ки ба унвони амирон, вазирон, дӯстон ва пайвандон навишта шудаанд. Мавзӯи рисолаҳо мадҳу ҳаҷв, фахр, таҳният, рисову таъзият, панду насиҳат, изҳори дӯстӣ ва ғ. мебошад. Номаҳо бо иқтибосҳо аз оёти Қуръон, аҳодиси набавӣ, ашъору амсол, бо санъати саҷъ музайян шудаанд. Дар баъзе рисолаҳо аз воқеоту ҳаводиси замон сухан рафтааст, ки ин боиси арзиши таърихӣ касб кардани номаҳо гардидааст. Дар адабиёти араб Бадеъуззамони Ҳамадонӣ ихтироъкунандаи навъи адабии мақома мебошад. Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо Бадеъуззамони Ҳамадонӣ тақр. 400 мақома иншо карда будааст, ки аз онҳо 52-тояш то замони мо расидаанд. Мақомаҳои Бадеъуззамони Ҳамадонӣ ду қаҳрамон — Абулфатҳи Искандарӣ (қаландар) ва Исо ибни Ҳишом (савдогар) доранд, ки бофтаи нависандаанд. Воқеаҳо, асосан, аз забони Исо нақл мешаванд. Дар мақомаҳо зимни баёни ҳаводис масоили тарбиявию ахлоқӣ ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии давр матраҳ гардидаанд. Абулфатҳи Искандарӣ марди ҳозирҷавоб, донишманд буда, ризқи худро ба шарофати ақлу заковат ва кордониаш дарёфт мекард. Мақомаҳо ба насри мусаҷҷаъ нигошта шудаанд. Дар пайравии Бадеъуззамони Ҳамадонӣ Ҳарирӣ, Ҳамидуддини Балхӣ мақома эҷод кардаанд.

Аз ашъори боқимондаи Бадеъуззамони Ҳамадонӣ бармеояд, ки ӯ дар шеър низ тавоно будааст. Қасоиди мадҳиро дар пайравӣ аз қасоиди мутақаддимини араб, ороста бо саноеи бадеӣ (ташбеҳ, таҷнис) ва ғ. иншо кардааст. Бадеъуззамони Ҳамадонӣ забони форсии дариро медонист. Тарҷумаи шеъре аз Мантиқии Розӣ, ки ба Бадеъуззамони Ҳамадонӣ мутааллиқ аст, ба қавли муаллифони сарчашмаҳо хеле устодона будааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1, Х., 2008.

Сарчашма

вироиш