Бадриддини Шарафушшуаро
Бадриддини Шарафушшуаро маъруф бо Қавомии Розӣ, аз ҷумлаи шоирони садаи XII буда, тақрибан соли 1097 таваллуд шудааст. Рӯзгори шоир асосан дар Ироқ гузаштааст. Вафоти ӯ тақрибан соли 1165 сурат гирифтааст. Аз доираи ҳунармандон буда, ба касби нонвоӣ машгул будааст. Аз Қавомии Розӣ девони ашъор, ки тақрибан 3360 байтро фаро мегирад, боки мондааст. Дар девони шоир касоиду ғазалиёт ва тачеъбандҳояш фароҳам омадаанд. Мавзуи ашъори Кавомии Рози вобаста ба баромади иҷтимоӣ ва машгулияташ васфи ҳунару ҳунармандон, ситоиши ахлоқи пок, баланд шуморидани каноату хоксори аз «тахти зару афсари гавхарнисор» ва ғайра мебошад. Дар аксар қасидаҳояш ба мавзӯъи панду насихат даст задаст, ки ин гувоҳи каробати ӯ ба мардуми коркаш, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинии онон аст. Ғазалиёти Кавомии Рози низ бо ҳамин равия, ба забони соддаю равон навишта шудаанд. Кавомии Рози дар пешбурди адабиёти доираҳои ҳунарманди хидмати сазоворе кардааст. Девони Кавомии Рози соли 1956 дар Теҳрон ба табъ расидааст.
Аз қасоид
вироишНамондаст дар чашми ман рушнои, Ки афтад ба пириям ошноӣ. Зи пирӣ чаро гашт торик чашмам, Агар ошноӣ бувад равшаноӣ. Бахори ҷавони Уру резад аз ҳам, Чу сармои пири кунад бенавоӣ. Чавонию зебоиям рафту омад, Заифиву пириву бедаступоӣ. Зи мулки ҷавонӣ ба пирӣ расидам, Бувад посбонӣ пас аз подшоӣ. Ба рӯзи ҷавони накардем тоат, Ки медошт бозори қувват равоӣ. Ба пиронасар тавбаву тоати мо, Зи бечораги дон, на аз порсоӣ. Нахоҳад маро он нигорин, ки кардӣ, Бар оинаи дил зи ман ғамзудоӣ. Бар ин ноумедӣ ҳаме нола кардам, Маро гуфт, бисро, ки хуш месароӣ. Хаёли ҷавонӣ ба узри ман омад, Чу шоҳи фалак бар сарири самоӣ. Ба меҳри дилу ҷон даровехтам з-ӯ, Чу ошиқ ба маъшуқ рӯзи ҷудоӣ. Забони итоб андар ӯ баркушодам, Ки охир бигӯ, то кай ин бевафоӣ! Бирафтиву то рафтаӣ ҳеч рӯзе Нагуфтӣ, ки чунӣ? Чӣ кардӣ? Куҷоӣ? Чунин кай кунад дӯст бо дуст, ҳаргиз, На аҳли вафоӣ, ки марди ҷафоӣ! Надонистам қадру қимат ба вакте, Ки буд аз туам хубиву хушлиқоӣ. Азизо, барам з-он сабаб хор будӣ, Ки пиндоштам то қиёмат мароӣ. Чунон рафтӣ аз пеши чашмам, ки гуфтӣ Зи барқи басар акси шамсуззуҳоӣ. Туро кай тавон дошт дар хонаи ҷон, Ки аз равзани умр боди ҳавоӣ. Гаҳи ранг бар мӯй чун пари зоғӣ, Гаҳи соя бар сар чу фарри ҳумоӣ. Ба куйи ту чун раҳнишинон ба раҳ бар, Ҳаме чашм дорам, ки ногаҳ дароӣ…
Аз ғазалиёт
вироишДили ошик зи бими ҷон натарсад, Гараш кор афтад, аз султон натарсад. Чӣ бок аст аз балоҳо ошиқонро, Ки Нӯҳ аз офати тӯфон натарсад. Ба ишқ аз ҷон тақарруб карда ошиқ, Чу Исмоил, ки аз қурбон натарсад. Ҷафокаш вақти ранҷ аз ғам нанолад, Мубориз рӯзи чанг аз ҷон натарсад. Кай андеша зи дил онро, ки дил нест, Зи дарё марди киштибон натарсад. Қавомиро, ки ҷонбозест дар ишқ, Зи ранҷи фурқати ҷонон натарсад. Ҳама офоқ донанд ин ки хиште, Ки дар об афтад аз борон натарсад.
Лашкар кашид ишқу маро дар миён гирифт, Хоҳанд мардумонам аз ин дар забон гирифт. Андар забони халқ фитодам зи дасти ишқ, То боядам ба лоба дари ину он гирифт. Ҷоно, ғуломи ишқи ту гаштам ба ройгон, Мебоядат маро ба иноят инон гирифт. Озоду подшоҳи тани хешам, эй нигор, Охир маро ба банда ҳаме бартавон гирифт. Ноланда гашт булбули ишқам, ки маар туро, Товуси ҳусн бар сар сарв ошён гирифт. Бо офтобу моҳу ситораст осмон, Гуӣ, ки нусхати рухи ту осмон гирифт. Эмин нишаста Будам дар кунчи офият, Омад балои ишқу маро ногаҳон гирифт. Аз гушае баромад аз ин шухдилбаре, Бирбуд дил зи дастаму пой аз миён гирифт. Бози шикорҷӯй, Қавомӣ, надидаӣ? Шоҳини ишқ кабки дилатро чун он гирифт.