Бадри Чочӣ
Бадруддин Муҳаммад (мулаққаб ба Бадри Чочӣ, форсӣ: بدر چاچی; 1285, Чоч – 1351, Деҳлӣ) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш улуми мутадовилаи даврро омӯхта, ба камол расидааст. Ба сабаби нооромии вазъи сиёсии зодгоҳаш маҷбур шуд тарки ватан кунад ва ба Ҳиндустон рӯй биёварад. Сафари ӯ ба Ҳиндустон байни солҳои 1328–33 иттифоқ афтодааст. Дар Ҳиндустон ба хидмати дарбори султони Деҳлӣ Муҳаммади Туғлуқ (ҳукмр. 1325–51) дохил шуд. Аз навиштаҳои шоир бармеояд, ки дар ин ҷо зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш хуб гузаштааст. Соли 1344 ба гирифтани унвони «Фахруззамон» ноил гардид:
Хусравам Фахри замон кард, вале ҳаст маро
Лақаб он Моҳ, ки дар нимаи моҳ аст тамом.
Мақому мартабаи баланд доштани Бадри Чочӣ-ро дар доираҳои адабии Ҳиндустон муҳаққиқи барҷастаи адабиёти форсӣ Эдвард Браун низ эътироф кардааст. Ба қавли ӯ баъд аз Мавлавӣ (Ҷалолуддини Румӣ) ва Саъдӣ дар Ҳиндустон се нафар шоир – Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва Бадри Чочӣ соҳиби мақому манзилати бузург буданд.
Эҷодиёт
вироишБадри Чочӣ соли 1345 девони ашъорашро дар ҳаҷми 3 ҳазор байт мураттаб сохтааст, ки дар он қасида, ғазалҳо, қитъаҳо ва рубоиёташ фароҳам омадаанд. Нусхаи девони Бадри Чочӣ дар китобхонаи Музейи Британия, китобхонаи Индиа-офис (Оксфорд), китобхонаҳои Ҳиндустон, китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфузанд. Ба Бадри Чочӣ инчунин асари манзуми ҳамосиеро бо номи «Шоҳнома» (дар ҳаҷми 30 ҳазор байт; дар таърихи ҳукмр. Муҳаммад Туғлуқ) нисбат додаанд, вале ин асар то ҳол дастрас нагардидааст. Бадри Чочӣ аксари қасидаҳояшро дар мадҳи Муҳаммад Туғлуқ иншо кардааст. Вай қасидаҳои тарҷумаиҳолӣ, таърихӣ, фахрӣ, ҳаҷвӣ низ дорад. Дар қитъаҳову рубоиҳояш низ ҳамин қабил мавзӯъҳо ба назар мерасанд. Бадри Чочӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик (махсусан адабиёти форсизабони Ҳиндустон) чун шоири мушкилписанд, истифодабаранда аз луғазу муаммо, истилоҳоти илмҳои гуногун (мас., нуҷум), калимаҳову ибораҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо эътироф гардидааст. Ба ин ҷиҳати сабки эҷодии Бадри Чочӣ муаллифи «Ҳафт иқлим» Амин Аҳмади Розӣ, Садриддин Айнӣ ва диг. ишора кардаанд. Ҳамин ҷиҳат боиси он гардидаст, ки оид ба ашъори Бадри Чочӣ шарҳҳо аз ҷониби Ғиёсуддин Муҳаммад (муаллифи «Ғиёсу-л-луғот») бо номи «Кошифу-л-асрор ё Шарҳи қасоиди Бадри Чочӣ» ва Муҳаммад Усмони Қайс бо номи «Нусхаи Усмонхон» (таълифаш соли 1848, дар ду ҷилд) пайдо шудаанд. Бо вуҷуди ин, ашъори бо забони содаву равон ва оммафаҳм иншошуда дар эҷодиёти Бадри Чочӣ, махсусан дар тағаззулот, ғазалҳо, қитъаҳову рубоиёти шоир кам нестанд. Намунаҳо аз ашъори Бадри Чочӣ:
Вақти лаби ҷӯю оби дилҷӯ омад,
Ҳангоми шароби нобу гулбӯ омад.
Аз фарри баҳор шуд замин боз ҷавон,
З-он хатти сиёҳ сабза бар рӯ омад.
х х х
Гарчи бадфеъл аст душман, мафканаш,
К-ӯ зи бад кирдори худ паст уфтад.
Ин суханро ёд кун, к-он пир гуфт:
«Мастро мафкан, ки худ маст уфтад».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ҳайдаров Ф. Рӯзгор ва осори Бадри Чочӣ. Д., 2002;
- Шоирони Мовароуннаҳр. Д., 2006.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.