Бадри Шервонӣ (форсӣ: بدر شروانی‎; деҳаи Шамохии Шервон, 1387 — 26 ноябри 1450, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик ва маликушшуарои Шервоншоҳиён.

Бадри Шервонӣ
Таърихи таваллуд: 1387[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 ноябр 1450(1450-11-26)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Бадри Шервонӣ дар Шӯш, ки аз тавобеи Шимохии Шервон аст, ба дунё омадааст. Ҷараёни зиндагӣ ва фаоълияти эҷодии шоир асосан дар Шервон гузашта, ба Табрез ва Макка сафарҳо карда будааст.

Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» маълумоте доир ба шоири хушгӯю нодираҷӯй будан ва дар Шервону музофоти он шуҳрат доштанаш овардааст.

Доир ба овозаи шеъру равонии сухан ва нерӯи табъи хеш шоир худ гӯшрас мекунад:

Гарчӣ аз Шервонаму дорам ғарибиву фироқ,
Назми ман шуд шуҳраёр ҳам дар Хуросону Ироқ,
Нестам чун шоирони сифлаву баднафсу дун,
К-аз барои луқмае гарданд чун саг дарбадар!

Маро як маънии хос аз дусад девони дуздӣ беҳ,
Дар ин даъво будан маънӣ, вале маънӣ бувад бурҳон.

Дар бораи айёми ҷавонию таҳсилоташ дар маъхазҳо маълумот дарҷ нагардидааст. Дар 11-солагӣ ба шеъргӯӣ оғоз карда буд. Дар шеъру шоирӣ худро шогирди Камоли Хуҷандӣ медонист. Бо Котибии Туршезӣ мулоқоту мубоҳиса кардааст. Марди фозилу донишманд, ҳозирҷавоб — бадеҳагӯ будааст. Зиндагии фақирона дошт ва дар хорию зорӣ аз олам даргузашт.

Киёматро, агар бинанд дар хашр,
Ман он рӯзи киёмат дидам аз нашр.

Девони ашъор вироиш

Аз Бадри Шервонӣ девони ашъор боқӣ мондааст, ки шомили 12433 байт, аз ҷумла 154 қасида (7371 байт), 205 ғазал (1451 байт), 7 марсия (546 байт), 186 қитъа (1599 байт), 83 ҳабсиёт (566 байт), 13 ҳазлиёт (136 байт), 37 таърих (120 байт), 2 мутоиба (107 байт), 2 маснавӣ (114 байт), 1 тарҷеъбанд (96 байт), 2 мусаммат (52 байт), 16 мутафарриқот (91 байт), 43 рубоӣ (86 байт), 11 муаммо (12 байт) мебошад. Як нусхаи девонаш дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон зери рақами 132 маҳфуз аст. Соли 1985 девони ашъораш дар шаҳри Маскав ба табъ расидааст.

Дар қасидаҳои вай мавзӯъҳои васф, тасвири манзараҳои табиат, лаҳзаҳои ҷангу набард, панду насиҳати аҳли ҷоҳ ва зимомдорони давр, ситоиши донишу хирад, мазаммати ситаму бедодӣ ва ғ. ба назар мерасанд. Қасидаҳое низ дорад, ки бевосита ба номи шоҳону ҳокимон иншо гардидаанд. Бадри Шервонӣ дар ғазалиёташ ба мавзӯъҳои ишқ, васфи зебоиҳои табиат, масоили иҷтимоӣ, ғарибию фироқ, бечорагию тангдастӣ ва ғ. даст задааст. Забони ашъораш содаву равон аст, аз санъатҳои бадеӣ моҳирона истифода бурдааст.

Эзоҳ вироиш

  1. MAK (лаҳ.)

Адабиёт вироиш

  • Раҳмонов А. Бадри Шервонӣ ⁄⁄ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. Д., 1999.