Бадруддини Кашмирӣ

Бадруддини Кашмирӣ (форсӣ: بدرالدین کشمیری‎, Абдуссалом ибни Саййид Иброҳими Ҳусайнӣ; ? — қарни XVI) — таърихнигор, адиб ва шоири форс-тоҷик.

Бадруддини Кашмирӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти мукаммал оид ба шарҳи ҳоли ин шоир дастрас нагардидааст. Соли 1554 аз Ҳиндустон ба Бухоро омад ва ба хидмати шайхони Ҷӯйборӣ — Хоҷа Ислом (вафот 1563) ва писари ӯ Хоҷа Саъд (вафот 1589) дохил шуд. Бадруддини Кашмирӣ адиби пурмаҳсул буда, асарҳои дар назму наср таълифкардааш асосан дар мавзӯоти тасаввуфӣ то замони мо расидаанд.

Эҷодиёт

вироиш

Номгӯи маснавиҳои Бадруддини Кашмирӣ, ки бо номи «Баҳру-л-авзон» фароҳам омадаанд, бад-ин қарор аст: «Манбаъу-л-ашъор» дар пайравии «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ, «Мотамсарой» дар пайравии «Мантиқу-т-тайр»-и Аттор, «Зуҳраву Хуршед» дар тақлид аз «Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и Саноӣ, «Шамъи дилафрӯз» дар вазн ва тақлиди «Хусраву Ширин»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Матлаъу-л-фаҷр» дар пайравӣ ва вазни «Сабҳату-л-аброр»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Лайлию Маҷнун» дар тақлиди достони Ҳотифӣ ба ҳамин ном, «Расулнома» дар тақлиди «Бӯстон»-и Саъдӣ. Инчунин ба Бадруддини Кашмирӣ маснавие бо номи «Қиссаи Зулқарнайн», девони ғазалиёт — «Равзату-л-ҷамол» — иборат аз ғазалиёт, қасоид, рубоиҳо, номаҳо ва ғайраро мансуб медонанд. «Меъроҷу-л-комилин», «Сироҷу-с-солиҳин», «Равзату-р-ризвон ва ҳадиқату-л-ғилмон» асарҳои мансури Бадруддини Кашмирианд, ки дар онҳо аз масоили динӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ сухан меравад.

Адабиёт

вироиш