Бадрӣ (шоир)
Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонахоҷаи Бадрӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷики садаи 16.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Дар шаҳри Самарқанд илмҳои мутадовили замонро аз худ кардааст. Ӯ мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ соли 1605 ҳокими яке аз вилоятҳои тобеи Насаф будааст. Аз осораш ғазалҳо, рубоиҳо ва абёти пароканда боқист. Рубоии зерин аз ӯст:
Он лоларухи суманбари мушкинхол
Чидаст зи ман ба ноз домони висол.
Маҳрум зи васли ӯ чунонам, ки дигарон,
Бовар накунам умеди васлаш ба хаёл.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Каримов У. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Д., 1985.
Сарчашма
вироиш- Бадрӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.