Базаи моддӣ-техникии ҷамъият

Базаи моддӣ-техникии ҷамъият — маҷмӯи шароити моддӣ ва шайъии қувваҳои истеҳсолкунанда (олот ва воситаҳои кор), ки барои ташаккул ва рушди ин ё он форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ ногузиранд.

База қисми таркибии қувваҳои истеҳсолкунанда буда, дар назди мабдаи асосии он — коргар оид ба пешравии маданӣ, зеҳнӣ ва тахассусии ӯ талаботи муайян пеш мегузорад. Бинобар ин, базаи моддӣ-техникии ин ё он форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ аз пешинааш миқдоран ва сифатан фарқ мекунад. Тағйироти сифатӣ вақте мушоҳида мешавад, ки дар пешравии истеҳсолот табаддулоти назарраси монанд ба инқилоби истеҳсолӣ рух диҳад. Ҳар як ин гуна ҷаҳиш ба ҷамъият, умуман инсоният, имкон фароҳам меоварад, ки дар масъалаи шакли меҳнат ва дараҷаи ҳосилнокии он ба зинаи сифатан нав барояд.

Ҷаҳиши сифатии нахустин дар ҷамъияти ибтидоӣ, вақте ки инсоният гудохтани филиззот, пеш аз ҳама оҳан ва аз он сохтани олоти меҳнатро омӯхт, рух дод. Ва ин ҳамвора бо зироаткорӣ ва ром (хонагӣ) кардани ҳайвонот, имконияти ба даст овардани маҳсулоти изофа ва истисмори одам аз ҷониби одамро ба вуҷуд оварда, ба пайдоиши давраҳои мутазод (форматсияҳои антагонистӣ) — сохти ғуломдорӣ ва феодализм асос гардид. Асоси ҳар як базаро олати кори аз ҷониби коргар истифодашаванда ва маҳорати малакаи дар меҳнати дастӣ зоҳирмекардаи ӯ ташкил медиҳад. Ҷаҳиши сифатии дуюм дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ дар давраи ба ном «табаддулоти саноатӣ» воқеъ гашта, саноати калони хусусӣ базаи моддӣ-техникии капитализмро ба вуҷуд овард. Асоси саноати калонро техникаи мошинӣ, ки дар натиҷаи татбиқи кашфиёти илмӣ ба истеҳсолот ба вуҷуд омад, ташкил медод. Тараққии саноати калон (яъне истисмори бештари коргарон) барои сар задани инқилобҳои сотсиалистӣ шароит фароҳам меоварад ва он минбаъд ба сифати базаи иқтисодии сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ хидмат мекунад. Тарзи сотсиалистии истеҳсолот аз капиталистӣ на бо ашёву моли истеҳсолшаванда, балки бо ҳолати коргар, коргари озод аз истисмор ва шариксоҳиби воситаҳои истеҳсолии моликияти ҷамъиятӣ будани ӯ фарқ мекунад. Ҷаҳиши сифатии сеюм (аз нимаи садаи XX шурӯъ шуд) бо истилоҳи (ибораи) Инқилоби илмию техникӣ ифода мешавад, ки он қувваҳои истеҳсолкунанда, яъне базаро куллан тағйир дод (зуҳури техника ва технологияҳои навтарин).

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Большой энциклопедический словарь. М., 2000.

Сарчашма вироиш

  • Базаи моддӣ-техникии ҷамъият / Н. Хоналиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 261. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.