Базалиома
Базалиома, карсиноид — омоси пӯст, ки аз эпидермис ва изофаҳои ғадуди пӯст ташаккул меёбад.
Базалиома | |
---|---|
Ихтисос | Саратоншиносӣ, dermatology |
МКБ-10 | C44 |
---|---|
МКБ-9 | 173 |
МКБ-О | Шаблон:ICDO-8093/3 |
OMIM | 605462 |
DiseasesDB | 1264 |
MedlinePlus | 000824 |
eMedicine | med/214 |
MeSH | D002280 |
Асосан дар одамони солхӯрда ба вуҷуд омада, бештар дар рӯй ҷой мегирад. Омос, одатан, танҳо буда, хеле суст (дар давоми солҳо) инкишоф меёбад. Базалиома дар ибтидо мисли гиреҳчаи сахти бедард аст; баъд тадриҷан калон шуда, ба захм табдил меёбад. Қаъри захм бо хадша (карахш)-и хокистарранг фаро гирифта мешавад. Базалиомаро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Аз шуоъшифоӣ низ истифода карда мешавад. Хусусан усули бо сармо вайрон кардани сохтори ҳуҷайраҳои омосро бештар кор мефармоянд (криохирургия). Дар мавриди саривақт муолиҷа кардани базалиома омос ба зудӣ сиҳҳат меёбад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Базалиома // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 261. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.