Базалт
База́лт (эфиопӣ basal — санги оҳандор) — ҷинси кӯҳии оташсӯз.
Минералы | вулканическое стекло, могут быть микролиты пироксена, амфибола, других минералов, вкрапленники плагиоклаза, оливина, пироксена |
Физические свойства | |
Цвет | тёмно-серый, тёмно-зелёный |
Плотность | 2,6—3,1 г/см³ |
Температура плавления | 1100—1250 °C |
Сохтор
вироишЗичиаш аз 2520 кг/м3 (бо ғашҳо) то 3300 кг/м3 (тоза). Рангаш сиёҳтоб. Асосан аз плагиоклаз (лабрадор) иборат буда, ба миқдори кам авгит, оливин, магнетит, илменит дорад. Базалти пурра кристаллбастаро долерит мегӯянд. Гудохтаи базалтӣ аз тарқишҳои бузурги тектоникӣ ба рӯйи замин рехта, майдонҳои хеле васеъ (садҳо ва ҳазорҳо км²)-ро фаро мегирад, ки онро пуштакӯҳи базалтӣ — трапп меноманд. Базалти сардшудаи кафида шакли сутунҳои панҷ ё шашпаҳлуро мегирад. Базалт вобаста ба таркиби кимиёӣ тасниф карда мешавад. Вобаста ба миқдори SiO2 базалтҳо ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: асосӣ (миқдори SiO2 то 42 %; базалтҳои аз Моҳ овардашуда ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд), нейтралӣ (миқдори SiO2 аз 43 то 46 %; шпати даштӣ ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд) ва турш (миқдори SiO2 аз 46 % зиёд), базалт дар раванди ҳидротермалӣ зуд тағйир меёбад. Зери оби баҳр базалт тез тағйир меёбад, чунки об бисёр аносир (элементҳо)-и онро мешӯяд. Ин раванд барои тавозуни геокимиёии баъзе аносир аҳаммияти фаровон дорад. Мас., миқдори зиёди манган бо ҳамин роҳ ба оби уқёнус ворид мешавад. Базалт дар табақаҳои ҷинсҳои вулкании давраҳои гуногунбисёр дучор меояд.
Аз вулканҳои ҳозира ҳам базалти гудохта ҷорӣ мегардад (Россия, ҷазираҳои Гавай, Исландия ва ғайра). Базалт масолеҳи хуби бинокорӣ буда, аз гудохтаи он изолятори барқӣ, асбобҳои кимиёии ба кислота тобовар ва ғ. тайёр мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иодер Г. С., Тилли К. Э. Происхождение базальтовых магм. М., 1955;
- Заворицкий А. Н. Изверженные горные породы. М., 1955.
Сарчашма
вироиш- Базалт // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 261—262. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.