Базили́ка (бази́лика; юн. βασιλική — «хонаи базилевс, хонаи шоҳ») — бинои росткунҷаест, ки дохили он қаторсутунҳо дошта, ба якчанд (одатан 3 ё 5) қисм тақсим мешавад. Базиликаҳои Рум ва насрониёни қадим пӯшиши чӯбини болории кушода доштанд. Базиликаҳои баъдиро гумбазшакл сохтанд. Базиликаи сеқисмаи Константин (соли 312) яке аз базиликаҳои калони Рум ба шумор меравад. Дар Руми Бостон базиликаҳо барои маҷлисҳои суд ва муомилоти тиҷоратӣ пешбинӣ шуда буданд, инчунин яке аз навъҳои асосии калисои қадимии насрониён ҳисоб меёфтанд. Базилика баъдтар дар меъмории византиҳо, романиҳо, готҳо такмил ёфт. Калисоҳои базиликашакл дар меъмории давраи Эҳё ва барокко низ вомехӯранд.

Душохаи базиликаи Максенсия дар Рум (ибтидои қарни IV)
Лоиҳасозии базиликаи Максенсия
Интерйери базилики Константин (ибтидои қарни IV)

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш