Байзашакл — чанд навъи чормағзи маҳаллӣ.

Байзашакли зарафшонӣ

вироиш

Байзашакли зарафшонӣ, дарахташ миёнақади аҳромшакл, сершохубарг, серҳосил; дарахти 20–25-солааш то 85 кг ҳосил медиҳад. Самараш байзашакл, нӯгаш паҳн (андозааш 28,1×28,9×29,0 мм, вазнаш 8,9 г); 54,5% аз мағз иборат аст. Пӯстлохаш суфтаи нақшин, қаҳваранги кушод, нафис; мағзаш пурра, хуштаъму болаззат, аз пӯстлох зуд ҷудо мешавад (пардаи байни мағзҳояш қаҳваранг). Яке аз чормағзҳои серравғани Осиёи Марказӣ (мағзаш то 72,1% равған дорад) буда, бештар дар деҳаҳои болооби дарёи Зарафшон мерӯяд. Ниҳолаш дар заминҳои серсангу сернам нағз месабзад, ба сармо ва хушкӣ тобовар аст. Аз ҳашароти зараррасон (пӯстлоххӯраки мева) зарар мебинад.

Байзашакли рарзӣ

вироиш

Байзашакли рарзӣ, дарахташ калони сершохубарг, 6,7–12,6 м қад мекашад. Ғафсии танаи дарахти 100-солааш 218 см. Самараш калон (андозааш 36,1×28,4×30,0 мм, вазнаш 10,7 г), байзашакл, рахдор, нӯгаш борику тез; қирраҳои барҷаста, пӯстлохаш нақшини тунук (1,1 мм) ва сахт дорад. Мағзаш (52,3%) зардча, серравған (то 66%), хуштаъм; аз пӯстлох зуд ҷудо мешавад. Дарахташ дар ҳар гуна хок нағз месабзад. Ниҳоли худрӯяш баъди 8–10 соли нумӯъ самар меорад. Дарахти 25–30-солааш то 75 кг ҳосил медиҳад. Бештар дар деҳаҳои Рарзу Дардари ноҳияи Айнӣ ва Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мерӯяд. Аз ҳашароти зараррасон осеб меёбад.

Байзашакли ромитӣ

вироиш

Байзашакли ромитӣ, дарахташ калони садамонанд (баландиаш 8,5–11 м), ғафс (қутри пояи дарахти 90-солааш 189 см), серҳосил (аз дарахти 25-солаи он 55–60 кг ҳосил гирифтан мумкин). Самараш байзашакли нӯгтез, мобайнаш барҷаста (вазнаш 9 г). Пӯстлохаш чиндори тунук (0,7 мм), ҳангоми бо ангушт зер кардан мешиканад. Мағзаш (46%) хуштаъму лазиз, аз пӯстлох зуд ҷудо мешавад (65,8% равған дорад). Дарахташ бештар дар заминҳои серсангу пастхамии кӯҳҳо (дараи Ромит ва болооби дарёи Кофарниҳон) мерӯяд. Аз пӯстлоххӯраки чормағз зарар мебинад.

Адабиёт

вироиш
  • Викторовский Г. П. Грецкий орех  ⁄⁄  Дар кит. Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.

Сарчашма

вироиш