Байрақдор
Байрақдор ТБ2 (туркии Bayraktar TB2) — паҳподи размии (ucav) бо муқовамат дар иртифоъи сатҳи миёнаи истеҳсоли Туркия аст, ки метавонад амалиёти парвози размӣ аз роҳи дур ё ба таври мустақил анҷом диҳад. Тавассути ширкати Бойкор сохта шуда ва дар марҳилаи аввал барои неруи ҳавои Туркия (taf) ба кор гирифта шуд. Паҳпод аз истгоҳи контроли заминӣ, аз ҷумла дар бакоргирии силоҳ, тавассути сервиси контроли ҳавоӣ контрол мешавад. Байрақдор ба маънои «Парчамдор» аст. Тавсеъаи паҳпод то ҳадди зиёде ба Салҷуқ Байрақдор, донишҷӯи собиқи Пажӯҳишгоҳи фановарии Массачусетч ва домоди Раҷаб Тайиб Эрдуғон нисбат дода шудааст.[3][4]
Ном | Bayraktar TB2 |
---|---|
Кишвари созанда | |
Оператор | Turkish Armed Forces[d][1], Нерӯҳои мусаллаҳи Укроин[1], Qatar Armed Forces[d][1], Azerbaijani Armed Forces[d][1] ва Armed Forces of the Kyrgyz Republic[d][1] |
Ихтироъкор | Baykar[d][2] |
Бренд | Bayraktar[d] |
Парвози аввал | 2009 |
Wingspan | 12 м |
Баландии максималӣ | 7 300 м ва 5 500 м |
Тавсеъадиҳанда | Baykar[d] |
Дарозӣ |
|
Вебгоҳи расмӣ | baykartech.com/en…(англ.) |
Тавзеҳот дар сомонаи | rferl.org/a/ukraine-bayr… |
Хештеги | BayraktarTB2 |
Суръат | 36 metre per second |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тавсеъа
вироишТавсеъаи паҳподҳои Байрақдор ТБ2 бо мамнуъияти содироти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини мусаллаҳ (паҳподи размӣ) ба Туркия тавассути Иёлоти Муттаҳида ба далели нигаронӣ дар мавриди истифода алайҳи гурӯҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар дохилу хориҷи Туркия, ташвиқ шуд. Моторҳои паҳподи Байрақдор сохти Утриш ҳастанд.[5]
Байрақдор ТБ2 аввалин бор дар августи 2014 парвоз кард. 18 декабри соли 2015 наворе барои озмоиши мушакҳои шилликшаванда аз паҳподи Байрақдор ТБ2 мунташир шуд.
Таърихи амалиёт
вироишИроқ
Тибқи маълумоти Вазорати дифоъи Туркия, Барақдор ТБ2 дар авоили ноябри 2019 алайҳи шибҳинизомиёни Ҳизби коргарии Курдистон дар он сӯи марзи Ироқ истифода шуд.[6][7]
Либия
Байрақдор ТБ2 дар июни соли 2019 расонаҳои хабарии байналмилалӣ гузориш доданд, ки давлати тавофуқи миллии Либия аз Байрақдор барои ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии генерал Халифа Булқосим Ҳафтар истифода кардааст. Алорағми таҳрими Созмони милали муттаҳид, дар мавриди ҷанги дохилии Либия, гумон меравад, ки ҳадди ақал 3 Байрақдор тавассути давлати ба расмият шинохташуда дар Тароблис истифода шуда. Аз тарафи дигар, неруҳои генерал Ҳафтар иддао карданд, ки як паҳподро дар фурудгоҳи Митиго нест кардаанд.
Сурия
Байрақдор ҳамроҳ бо паҳподҳои Онко-S ва ҳамчунин маҷмӯаъе аз порозитҳои электируникӣ мустақар шуданд ва ба таври густарда дар иқдомоти ҳамоҳанг барои ҳамла ба аҳдоф дар замин дар тӯли амалиёти "Сипари баҳор", ки тавассути Туркия ба думболи хисороти сангине, ки неруҳои Туркия мутаҳаммил шуда буданд, истифода шуданд.[8]
Озарбойҷон
Моҳи июни соли 2020, вазири дифоъи Озарбойҷон Зокир Ҳасануф эълом кард, ки Озарбойҷон тасмим ба хариди паҳподи Байрақдорро аз Туркия гирифтааст. Дар ҳини мунозиъот ва даргирии соли 2020 дар Қарабоғ Байрақдор ТБ2 алайҳи неруҳои мусаллаҳи Арманистон ва алайҳи постҳои низомии Арманистон истифода шудааст.[9]
Қайдҳо
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 https://www.defensenews.com/unmanned/2020/06/25/azerbaijan-to-buy-armed-drones-from-turkey/
- ↑ https://twitter.com/afpfr/status/1499333763976679429
- ↑ BaykarTech. BAYKAR Teknoloji(тур.). baykartech.com. 25 май 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Revealed: how UK technology fuelled Turkey's rise to global drone power(англ.). the Guardian (27 November 2019). 25 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ پهپاد مسلح بایراکتار(بیرقدار) ساخت ترکیه (fa-IR). جنگاوران (16 Декабри 2021). 25 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ Revealed: how UK technology fuelled Turkey's rise to global drone power(англ.). the Guardian (27 November 2019). 25 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ Umar FarooqUmar FarooqMay 14 2019, 10:00 A.m. How Turkey Defied the U.S. and Became a Killer Drone Power(англ.). The Intercept. 25 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ Turkey’s Drone War in Syria – A Red Team View | Small Wars Journal. smallwarsjournal.com. 25 май 2022 санҷида шуд.
- ↑ Turkish armed drones used against Armenia, Azerbaijan confirms(англ.). Middle East Eye. 25 май 2022 санҷида шуд.