Байти гурез
Байти гурез (форсӣ: بیت گریز) — яке аз байтҳои қасида, ки асосан миёни ташбибу насиб ва мадҳ воқеъ мегардад.
Шоир баъди ташбиб ё насиб як ё чанд байтро меорад. Байти гурез байти дилнишину гуворост ва таносубу пайванди қисматҳои шеърро барқарор нигоҳ медорад. Муҳаққиқон чунин пораи пайвандиро ҳусни тахаллус меноманд, зеро шоир дар ин маврид, баъди ташбибу насиб, байти ҷамъбастӣ оварда, дар он тахаллуси худро меафзояд. Байти гурез дар аксари қасидаҳо ба назар мерасад. Байти гурез бояд дар ниҳояти маҳорату салосат гуфта шавад. Мас., дар яке аз қасидаҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ баъд аз ташбиби баҳория байти зерин омадааст, ки аз барҷастатарин гурезҳои шоирона дар назми форсии тоҷикӣ мебошад:
Хуфт наргис масту аз фарёди булбул барнахост,
Нимшаб, к-аз хидмати махдуми кайҳон гашт боз.
Байти гурез дар шеър барои гузаштан аз фикре ба фикри дигаре хидмат кунад ҳам, набояд аз доираи муҳтавои умумии шеър берун бошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Раҳмонов Ш. Байт ва муносибати он дар шеър. Д., 1980;
- Раҳмонов Ш. Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик. Д., 2010.
Сарчашма
вироиш- Байти гурез / Ш. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.