Байти мусарраъ (форсӣ: بیت مصرّع‎) — байтест, ки ҳар ду мисраи он ҳамқофияанд.

Аксари шоирони қасидасарои форсизабон дар як қасида ду-се-чаҳор ва зиёда аз он байти мусарраъ овардаанд, ки инро таҷдиди матлаъ низ гӯянд. Ин чиз, асосан, дар қасидаҳои тӯлонӣ ба назар мерасад. Дар чунин қасидаҳо байти мусарраъ баъди тағаззул меояд. Мас., Хоқонии Шервонӣ қасидаи зерини худро бо байти мусарраъ оғоз намудааст:

Чун оҳи ошиқ омад субҳ оташи муанбар,
Симоб оташак зад дар бодбони аҳҷар.

Пас аз чанд байт, дар ҳамин қасида, боз се байти мусарраъ оварда шудаанд:

Дар обгун қафас бин товуси оташинбар,
К-аз бар кушодани ӯ офоқ гашт зевар!
Саҳни Ирам надидӣ, дар боғи шоҳ бингар,
Ҳусни ҳарам надидӣ, бар қасри шоҳ бигзар!
Эй андалеби ҷонҳо, товуси бастазевар,
Бикшой ғунчаи лаб, бисрой ғунчаи тар!

Агар шоир дар шеъри худ байти мусарраъи нав меовард, метавонист қофияи байти мусарраъи пешинаро такрор кунад. Шоирони гузашта баъзан ғазал ё қасидае мегуфтанд, ки тамоми мисраъҳояшон ҳамқофия буданд. Чунин шеърро ғазал ё қасидаи тамомматлаъ ё мусарраъ мегӯянд.

Байти мусарраъ баъзан дар рубоӣ низ ба назар мерасад, яъне шоир рубоие мегӯяд, ки тамоми мисраъҳои он ҳамқофияанд. Рубоии зерини Рӯдакӣ намунаи беҳини чунин ашъор аст:

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!

Байти мусарраъ омили хушоҳанг шудани шеър мегардад.

Адабиёт

вироиш
  • Шамси Қайси Розӣ. Ал-Мӯъҷам. Д., 1991.

Сарчашма

вироиш