Байт (доиратулбуруҷ)
Байт (ар. بیت — хона), байтутат — ҳар яке аз 12 бахши доиратулбуруҷ (эклиптика), ки ба шеваҳои хос дар нуҷум тақсим мешавад.
Тақсими доиратулбуруҷ ба буют (хонаҳо) аз Юнони Қадим оғоз шудааст. Ин тақсимбандӣ ба уфуқи маҳал бастагӣ дорад ва бинобар ин бо тақсимбандии доиратулбуруҷ мутафовит аст. Оғози аввалин байт нуқтаи толеи рӯйи доиратулбуруҷ ба уфуқи шарқист. Барои шуморагузории хонаҳо мушоҳиде, ки дар арзҳои миёнаи Нимкураи Шимолӣ истода бошад, бояд ба самти ҷануб бингарад ва муқобили самти ақрабаки соат ҳисоб кунад. Байтҳо дар нуҷум, асосан, дар амали толеъ ба кор мераванд ва ҳар яки онҳо ба соҳаи муайяне бахшида шудаанд: 1 – ҷон, 2 – мол, 3 – бародарон ва хоҳарон, 4 – волидайн, 5 – фарзандон, 6 – беморӣ, 7 – издивоҷ, 8 – марг, 9 – сафар, 10 – ифтихор, 11 – дӯстон, 12 – душманон. Якчанд байтҳо гурӯҳҳои муайянеро ташкил медиҳанд: 1, 4, 7, 10 – автод ё буюту-л-иқбол; 2, 5, 8, 11 – буюти моила; 3, 6, 9, 12 – буюти зоила; 3, 5, 9, 11 – буюти нозира ва 2, 6, 8, 12 – буюти соқита. Дар илми нуҷум равиши таърифи байтҳо «тасвияту-л-буют» ва нуқтаҳои оғози ҳар байт «марказ» номида мешавад. Бештари равишҳои таърифи байтҳо ба 4 нуқтаи аслӣ асос ёфтааст. Ин нуқтаҳо нуқоти буриши доиратулбуруҷ бо ду сафҳаи уфуқ ва нисфуннаҳор мебошанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Байт // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.